Чоршанбе, Май 28, 2025

Курси такмили ихтисос барои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 05/28/2025 - 10:07

Санаи 28 майи соли 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи барномаи «Идоракунии давлатӣ дар замони муосир» ба анҷом расид.
Курси мазкур бо ташаббуси Агентии хизмати давлатӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, малака ва салоҳияти касбии роҳбарони аввали мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баргузор карда шуд.