Санаи 04 сентябри соли 2025 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ семинари илмӣ назариявии доимоамалкунанда баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи тадқиқоти институтсионалӣ, н.и.и. Алимов А.Л. дар ба «Истиқлолият ва рушди давлатдории миллӣ» баромад намуда, оиди рушди иқтисодиёт дар ин давра ва тағйиротҳои институтсионалӣ сухан ронданд. Дар рафти чорабинии мазкур, инчунин, ходимони илмии Институт Ш.Раҳимзода, Мирсаидов А.Б., Саидмуродзода Л.Ҳ., Хоналиев Н., Холбобоев Ф.С. ва дигарон фикру андешаҳои худро иброз намуданд.