Шӯрои олимон

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 05/26/2023 - 14:17

Рӯзи 26 майи соли 2023 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи Шӯрои олимон баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.
1. Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои ИИваД доир ба давраи зимистонгузаронии солҳои 2023-2024
2. Оид ба вазъи фаъолияти семинарҳои илмӣ-назариявии доимоамалкунандаи Институт ва шуъбаҳо
3. Тасдиқи мавзӯъҳои илмии унвонҷӯён ва докторантон (анъанавӣ)-и соли якуми таҳсил
4. Оид ба муҳокимаи диссертатсияи унвонҷӯи Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ – Ҳасанзода Нодира Ҳоҷимурод дар мавзӯи «Мукаммалгардонии методҳои ташкил ва идоракунии дороиҳои ғайримоддии ташкилот» (дар мисоли имиҷи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон) барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.06.04 - Ташкил ва идоракунии корхонаҳо, низомҳо ва комплексҳо, роҳбари илмӣ – д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б.
7. Масъалаҳои ҷорӣ

Тоҷикӣ

Меню: