Санаи 20 январи соли 2026 дар Ташкилоти ибтидои ҳизбии «Навоварон»-и КИИ «Хирадмандон»-и ҲХДТ дар АМИТ ҷаласаи ҳисоботӣ баргузор гардид, ки дар кори он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Хирадмандон»-и АМИТ – Қурбонова Ширин, аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Дониёр Сангинзода иштирок доштанд.
Дар ҷаласа масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:
1. Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 декабри соли 2025
2. Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ оид ба фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и ИИваД АМИТ дар соли 2025 ва вазифагузориҳо барои соли 2026.
3. Тасдиқи Нақша-чорабинии Ташкилоти ибтидоии «Навоварон»-и КИИ «Хирадмандон»-и ҲХДТ дар АМИТ барои соли 2026.
4. Масъалаҳои ташкилӣ.
Оид ба масъалаи якум мудири шуъбаи назарияи иқтисод ва таҳқиқоти институтсионалӣ, д.и.и., профессор - Мирсаидов Аброр Бобоевич дар мавзӯи «Ҳадафхои стратегии рушди қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷомеа дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 декабри соли 2025» баромад намуданд. Доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 декабри соли 2025 аъзои Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Сангинзода Д.Ш. низ баромад намуд.
Сипас, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, директори муассиса Бобозода К.О. оид ба фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навоварон»-и ИИваД АМИТ дар соли 2025 ва вазифагузориҳо барои соли 2026 шунида шуда, аз ҷониби аъзоёни ташкилот мусбат арзёбӣ карда шуд.
Дар муҳокимаи ҳисобот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Хирадмандон»-и АМИТ – Қурбонова Ширин суханронӣ намуда, зикр намуданд, ки ташкилот дар соли 2025 дар корҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, фарҳангӣ, илмӣ, тарбиявӣ фаъол буда, аъзоёни ташкилот бо мукофотҳои гуногуни ҳизбию давлатӣ дар соли 2025 қадрдонӣ карда шуданд.
Мавриди баррасии масъалаи сеюми ҷаласа Нақша-чорабиниҳои Ташкилоти ибтидоии «Навоварон»-и КИИ «Хирадмандон»-и ҲХДТ дар АМИТ барои соли 2026 бо пешниҳодҳои аъзоёнии ташкилот тасдиқ карда шуд.











Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.








