ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ТАШАККУЛИ АСОСҲОИ ИҚТИСОДИЁТИ КОНСТИТУТСИОНӢ
ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Яке аз музаффариятҳои бузурги даврони истиқлолият ноил гаштан ба Ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз ваҳдати миллӣ ба мо имконият дод, ки то имрӯз корҳои бузургеро ба анҷом расонем.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Санаи 24-уми июни соли 2025 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ ва ташаккули асосҳои иқтисодиёти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин арзишҳои ҷомеаи мо ба ҳисоб рафта, маҳз бо шарофати он имрӯз Тоҷикистон дар фазои оромиву субот ва рушди устувор қарор дорад. Ин нуктаро директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и. Бобозода Комил Олимҷон дар чорабиние, ки имрӯз ба ифтихори 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир гардид, иброз намуд.
Хизмати шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва ба ин васила ба ҳам овардани мардуми сарбаланди тоҷик, хеле бузург буда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили сулҳ, Тоҷикистони азизро бо роҳи неку саодат раҳнамун сохта, бо такя ба ҳамдилии мардум, тоҷиконро ба ваҳдати комил овард. Дар ин бора Пешвои тоҷикони ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо чунин андешаронӣ намуданд: «Ваҳдат рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими мардуми хирадсолору сулҳпарвари тоҷикро бори дигар исбот намуд».
Сипас, Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло, узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор, мудири шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ ва ташаккули асосҳои иқтисодиёти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ (рӯнамо) намуданд. Зикр гардид, ки таҳаввулоти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои ҷомеаи мо ба фаъолияти созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита робита дорад. Дар бораи нақши таърихии он дар барқарорсозӣ ва таҳкими сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр асарҳои илмӣ навишта шудаанд, аммо аҳамияти бузург ва нишондоди он дар ташаккул ва рушди заминаҳои иқтисодиёти конститутсионӣ дар Тоҷикистон чун заминагузори рушди ҷомеаи муосири демократӣ, мутаассифона, то кунун ба таври комилу муфассал арзёбӣ нашудааст. Инчунин, баён доштанд, ки равияи илми иқтисод бештар масъалаҳои асоснок будани фаъолияти иқтисодӣ ба меъёрҳои конститутсиониро мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор медиҳад. Таҷрибаи давлатҳои гуногуни ҳоҷагии ҷаҳон нишон медиҳад, ки меъёрҳои Конститутсия метавонанд ҳамчун заминаҳои ҳуқуқӣ барои рушди самараноки иқтисодиёт хизмат кунанд.
Дар интиҳои чорабинӣ директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и. Бобозода Комил Олимҷон аҳли нишастро бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният намуда, ба хонадони ҳар яки онҳо сиҳатмандиву рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва ваҳдату ягонагӣ орзу намуд.