РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ-ҶАШНИ РОДМАРДОНУ ҲОМИЁНИ ВАТАН

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 02/20/2026 - 15:30

Муборак бод ҷашни нурборат, Артиши миллӣ
Муборак бодавҷи ифтихорат, Артиши миллӣ.
Ба миллат бо Ватан бо амри Сарфармондеҳи Олӣ,
Муборак бод аҳди устуворат, Артиши миллӣ. 

 


Ҳамасола, санаи 23-юми феврал дар сар то сари Ватани азизамон Тоҷикистон, Рӯзи Артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Мо бояд шукронаи Истиқлолият ва шукронаи ин диёри обод намоему дар рушди Ватани азизамон саҳми хешро гузорем. Ёдовар мешавем, ки дар муддати нисбатан кӯтоҳ Ватани азизамон таърихи ҷузъу томҳои неруи қудратманди низоми муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфт. Баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шуравӣ барои Тоҷикистони навистиқлол лозим омад, қувваҳои мусаллаҳи худро таъсис диҳад, ки он тавоноии таъмини истиқлолият ва ҳимояи мардумро дошта бошад. Ин албатта кӯшишу ғайрати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини суботу амният, осоиштагии ҳаёти мардум, мустаҳкам кардани марзу буми кишвар буд. Дар суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки Артиши миллӣ дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд. Артиши ҷавони Тољикистон, хусусан дар солҳои душвори фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷоя бо мақомоти ҳифзи хуқуқ ва сохторҳои дигари низомии кишвар дар ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткорӣ-трансмиллӣ ва хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа, саҳми сазовору ҷавонмардона гузоштаанд. Дар моддаи 43-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҳифзи Ватан ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”. Дар ҳақиқат, ҳифзи Ватану амнияти халқ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси солимфикр ба ҳисоб меравад. Барои ҳамин ҳам ҳар сол ҷавонони Тоҷикистон бо азму иродаи хеш барои хизмат дар сафи қувваҳои Артиши миллӣ ариза месупоранд ва содиқона дар сафҳои артиш хизмати Модар-Ватанро ба ҷо меоранд. Бинобар ин, мо бояд шукронаи истиқлолият намоему дар обод гаштани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем. Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон неруи бузурги низомӣ, артиши қудратманди Тоҷикистони азизамон саҳми босазо гузоштаанд. 
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз қисмҳои сохтори давлатии мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои ҳифзи Истиқлолият ва ҷузъиёти марзии он дар ҳолати таҳдидҳои ҳарбӣ пешбинӣ шудааст. Қуваҳҳои мусаллаҳ аз неруҳои заминӣ, қувваҳои ҳарбӣ, неруҳои ҳавоӣ, қувваҳои махсус, Гвардияи миллӣ ва қувваҳои амният иборатанд. Аз ин рӯ, таҷлили ҷашни Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан барои ҳар як ҷавон вазифаи аввалиндараҷа буда, барои аз байн бурдани хурофоту бегонапарастӣ, ҷаҳолату нодонӣ, таҳдидҳои беруна замина гузошта, барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши назаррасе мегузорад. 


  Ходими пешбари илмии шуъбаи 
   таҳқиқоти инфрасохторӣ, н.и.и. 
Шералиев Абдувоҳид Абдуҳамидович

 

Меню: