ПРЕСС-РЕЛИЗ БАРОИ НАМОЯНДАГОНИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ УМУМ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2022 ВА ВАЗИФАҲО ДАР НИМСОЛАИ ДУВУМИ СОЛИ 2022 (29 ИЮЛИ СОЛИ 2022, СОАТИ 08:30, МАҶЛИСГОҲИ РАЁСАТИ АМИТ)

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 07/29/2022 - 14:26

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии худро дар нимсолаи якуми соли 2022 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021, Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи кори АМИТ дар соли 2022 ба роҳ монда, нерӯи илмиро барои тараққӣ додани таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ оид ба самтҳои афзалиятноки илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотии академӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, амалӣ намудани сиёсати илмию техникӣ, таҳлили рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи тавсияҳои дахлдор, омӯзиши дастовардҳои илм ва техноло¬гияи ҷаҳонӣ, мусоидат ба истифодаи ин дастовардҳо дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян кардану дастгирӣ намудани муҳаққиқони ҷавони лаёқатманд, мусоидат ба рушди эҷодии олимони ҷавон, тарбияи кадрҳои илмии тахассуси олӣ равона кард ва дар ин муддат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Дар нимсолаи якуми соли 2022 олимони Академияи миллии илмҳо таҳқиқотро аз рӯйи 111 мавзуъ, аз ҷумла 68 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 15 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд, аз ҷумла:
Таҳқиқот дар соҳаи илми математика дар сатҳи баланд доир гардида, доир ба физикаи ҳолати конденсӣ, оптика ва электроникаи квантӣ, акустика натиҷаҳои муҳим ба даст омаданд. Тавсияҳо доир ба амнияти ядроӣ ва радиатсионии мамлакат коркард ва татбиқ карда шуданд.
Дар соҳаи астрофизика бо истифода аз технологияҳои муосири компютерӣ мушоҳидаҳои метеорҳо, кометаҳо, астероидҳо ва пораҳои ҳамсафарҳои сунъии Замин гузаронида шуданд. Астероидҳои наздизаминии табиати кометавидошта ошкор карда шуданд. Натиҷаҳои ин таҳқиқот барои ҳал кардани масъалаҳои хатари астероидҳову кометаҳо ба Замин ва киштиҳои кайҳонӣ мухим мебошанд.
Олимони соҳаи химия натиҷаҳое ба даст оварданд, ки аз дастовардҳо дар рушди усулҳои синтези маҳсулот бо хосиятҳои муайян – моддаҳои таъйиноти биологӣ ва тиббӣ, ки барои ба вуҷуд овардани доруҳои нави табобатӣ аҳамияти калон доранд, шаҳодат медиҳанд. Навъҳои нави хӯлаҳои алюминийӣ бо мувофиқатии нодири мушаххасаҳои механикӣ ва физикӣ-химиявӣ ба вуҷуд оварда шуданд, ки бо устувории баланд нисбат ба зангзанӣ ва таъсироти механикӣ фарқ мекунанд. Тавсияҳо доир ба коркарди комплексии ашёи хоми маъданӣ ва партовҳои саноатӣ омода шуданд.
Олимони соҳаи геология таҳқиқи конҳои канданиҳои фоиданоки Тоҷикистонро идома дода, диқатти махсусро ба кашфи маъданҳои нав равона намуданд.
Аз тарафи олимони зилзилашинос (сейсмологҳо) бо истифодаи технологияҳои навтарини системаҳои иттилоотии географӣ (ГИС) харитаи арзёбӣ кардани хатарнокии сейсмикии марзи Тоҷикистон тартиб дода шудааст, ки он ба ошкор намудани ҷойи пайдоиши фурӯравиҳо ва ярч (лағжида фаромадани қабатҳои замин) ҳангоми заминҷунбиҳо имкон медиҳад.
Олимони соҳаи омӯзиши масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология усулҳои баҳисобгирӣ ва мониторинги ҳаҷми муфиди оби обанбори Норак ва ба таври зуд пешгӯӣ кардани ҷараёни солонаи дарёи Вахшро коркард ва татбиқ намуданд, ки онҳо ба баланд гардидани самаранокии кори Нерӯгоҳи обии барқии Норак имкон медиҳанд.
Олимон ва мутахассисони Маркази омӯзиши пиряҳҳои АМИТ ҳолати баъзе пиряхҳои Тоҷикистонро мавриди таҳқиқ ва мониторинг қарор дода, аз ҷумла ба пиряхҳои дараи Варзоб экспедитсияҳои илмӣ ташкил намуданд.
Дар соҳаи илмҳои биологӣ таҳқиқоти комплексии гуногуншаклии биологии флора ва фауна, генофонд ва захираҳои биологии Тоҷикистон гузаронида шуданд. Таҳқиқот доир ба физиология, биохимия ва биотехнологияи растаниҳо ҳамчун асос барои селексияи навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ ва ба вуҷуд овардани системаи муосири тухмипарварӣ, коркарди агротехнологияҳои пешрафта густариш дода шуд. Омӯзиш ва таҳқиқи гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон ва аз онҳо тайёр намудани доруворӣ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт.
Дар соҳаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ масъалаҳои таърихи давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон, тэтногенези халқи тоҷик таърихи мусиқӣ, театр, меъмории халқи тоҷик мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифтанд.
Файласуф ва сотсиологҳо таваҷҷуҳи махсусро ба таҳқиқи масъалаҳои фалсафаи забон, масъалаи ҳастӣ ва худшиносӣ дар таърихи фалсафаи тоҷик ва, ҳамчунин, ба равияҳои муосири фалсафаи Ғарб ва мақоми онҳо дар афкори фалсафӣ ва иҷтимоӣ-сиёсии кишварҳои Шарқ равона намуданд.
Дар соҳаи илмҳои филологӣ таърихи адабиёти тоҷик омӯхта шуд, масъалаҳои муҳими ҳолат ва рушди забони тоҷикӣ, сарчашмаҳои хаттии адабиёт ва фарҳанги форсу тоҷик таҳқиқ гардид, луғатҳои дузабонӣ нашр карда шуданд.
Олимони иқтисодшинос масъалаҳои рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саноатикунонии босуръати Тоҷикистон, ташаккулёбии сармояи инсонӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва монанди инҳоро мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор доданд.
Фаъолияти олимони соҳаи демография ба омӯзиши масъалаҳои демографии оила ва издивоҷ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, сабабҳои никоҳ ва талоқи аҳолӣ, рафтори репродуктивӣ, ва ҳамчунин вазифа ва сохтори оила равона гардида буд.
Олимони ҳуқуқшинос суннатҳои давлатдории халқи тоҷикро омӯхта, баъзе хусусиятҳои мақомоти амалисозандаи адолати судиро дар таърихи давлатдории тоҷикон муайян намуданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо беш аз 1390 кори илмӣ, аз ҷумла беш аз 70 китобу монография, маҷмуаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, 1320 мақолаи илмӣ, аз онҳо 1200 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, беш аз 120 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ давлатҳои хориҷи дур ба нашр расиданд.
Ғайр аз ин, дар воситаҳои ахбори омма (рӯзномаю маҷаллаҳо, сомонаҳои интернетӣ) қариб 1000 мақолаи илмии оммавӣ низ ба нашр расонида шуд.
Дар ин давра аз тарафи олимони Академияи миллии илмҳо 10 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 4 шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии захираи иттилоотӣ ба даст оварда шуд.
Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот 5 коркард ва таклифу тавсияҳои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Дар нимсолаи якуми соли 2022 вобаста ба масъалаҳои муҳимми илмӣ дар АМИТ ҳамагӣ 60 чорабинии илмӣ, аз ҷумла, 1 Форуми байналмилалӣ, 19 конференсияи илмӣ, 38 семинари илмӣ ва 2 курси омӯзишӣ омода ва баргузор карда шуданд.
Дар ин давра кормандони институтҳои илмию таҳқиқотии АМИТ дар беш аз 700 чорабинӣ: форум, конференсия, семинар ва мизи мудаввари илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштироку суханронӣ намуданд.
Дар ин давра кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии АМИТ бо мақсади таблиғи дастовардҳои соҳаҳои гуногуни илм ба воситаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ беш аз 300 маротиба дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла оид ба масъалаҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳамкориҳои илмӣ бо кишварҳои гуногун, саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи рушди иқтисодиёти рақамӣ дар ҷумҳурӣ, масоили марбут ба драматургия, кино, мусиқӣ ва театри тоҷик, ҷашну маросимҳои миллӣ, санаҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм ва ғ. баромад карданд.
Ҳамчунин аз тарафи олимони АМИТ беш аз 1000 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ таҳия карда шудаанд, ки аз онҳо қариб 500 мақола дар матбуот нашр ва беш аз 80 вокуниш ба навиштаҳои ВАО ва гузоришу мусоҳибаҳои телевизионию радиоӣ нашр ва пахш карда шудааст. Шумораҳои 1(28), 2(29)-уми маҷаллаи илмию оммавии “Илм ва ҷомеа” таҳия ва чоп карда шудааст. Дар маҷалла мақолаҳои илмии олимони шинохта дар соҳаҳои гуногуни илми муосир, аз ҷумла, фалсафа, физикаю астрономия, сиёсатшиносӣ, ҷомеашиносӣ, таъриху филология, иқтисодиёт, ки мазмунашон ба дастгирии сиёсати давлатӣ ва тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ равона гардидаанд, нашр шудаанд.
Дар нимсолаи якуми соли 2022 Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 14 ҷаласа доир намуд, ки дар онҳо 90 қарор ва беш аз 280 амр мансуб ба фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилӣ ва корҳои молиявиву хоҷагидории АМИТ қабул гардиданд. Дар давраи ҳисоботӣ Раёсати АМИТ 2 маҷлиси умумии АМИТ, 2 ҷаласаи васеи Раёсати АМИТ, 4 маҷлиси тантанавӣ доир намуд.
Чорабиниҳои муҳимми илмӣ дар давраи ҳисоботӣ аз ҳамоишҳои зерин иборат буданд: 1) Конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди суннатҳои Наврӯз» (18 марти соли 2022); 2) Форуми байналмилалии “Ҳамгироии илм ва истеҳсолот: дурнамои рушд” (19-уми майи соли 2022); 3) Конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – оғози марҳилаи нави давлатдории миллӣ» (17 июни соли 2022).
Дар ин давра ба АМИТ ҳамагӣ беш аз 2700 ҳуҷҷат барои баррасӣ ва иҷро ворид гардиданд. Аз ин миқдор 1676 ҳуҷҷат барои маълумот ва корбарӣ ирсол гардидааст. Раёсати АМИТ ҳамроҳ бо муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар намуди маълумотнома, шартномаву созишнома, гузоришот, хулосаҳои экспертӣ, лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттилооти дигар қариб 1030 ҳуҷҷатро дар муҳлатҳои муқарраргардида иҷро намуд.
Дар нимсолаи якуми соли 2022 лоиҳаи Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ (Ӯзбекистон) таҳия гардида, расмиёти дохилидавлатиро пурра гузашта, рӯзи 2 июни соли 2022 ҳангоми сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон имзо шуд.
Тавассути шуъбаи робитаҳои байналмилалии Раёсати АМИТ қариб 50 нафар корманди АМИТ барои коромӯзӣ, иштирок дар конференсияҳои илмӣ, симпозиумҳо, семинарҳо, форумҳо, хондани лексияҳо ва ҳамчунин гузаронидани таҳқиқоти муштараки илмӣ бо сафарҳои хизматӣ ба давлатҳои хориҷӣ фиристонида шуданд.
То 1 июли соли 2022 дар 20 муассисаи илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 372 нафар магистр дар курсҳои якум ва дуюм аз рӯи 43 ихтисос таҳсил намуда истодаанд. Аз шумораи умумии магистрантон 207 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Дар зинаи докторантураи PhD, докторантура аз рӯи ихтисоси 17 муассисаи илмӣ-тадқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 244 нафар докторанти PhD таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 102 нафар дар курси якум, 77 нафар дар курси дуюм ва 65 нафар дар курси сеюм машғули корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебошанд. Шумораи умумии докторантҳои анъанавӣ 5 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи умумии унвонҷӯён 44 нафарро ташкил медиҳад, аз ҷумла дар Шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ – 10 нафар, Шуъбаи илмҳои биология - 9 нафар ва Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – 27 нафар.
Дар нимсолаи якуми соли 2022 дар 18 шӯроҳои диссертатсионии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори КОА Вазорати маориф ва илми ФР тасдиқ шудаанд, ҳамагӣ 68 рисола, аз ҷумла 13 рисолаи докторӣ ва 55 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд. Дар 7 шӯрои дар АМИТ амалкунанда ҳамагӣ 23 рисола, аз ҷумла 6 рисолаи докторӣ ва 17 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуданд.
Дар 5 шӯрои диссертатсионии амалкунандаи АМИТ, ки бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, ҳамагӣ 8 рисола, аз ҷумла 1 рисолаи докторӣ ва 7 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шудааст.
Аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Таъминоти илм» дар ин давра муассисаҳои илмии АМИТ ба маблағи умумии қариб 2044662 сомонӣ бо асбобу таҷҳизоти илмӣ, техникаи ташкилӣ, компютер, принтер, сканер, ксерокс, ҷиҳози офисӣ, лавозимоти коргузорӣ ва монанди инҳо таъмин карда шуданд.
ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ ТО ОХИРИ СОЛИ 2022
- иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 баён намуданд;
- мусоидати ҳаматарафа ба идома додани корҳои илмию таҳқиқотии бунёдӣ ва амалӣ тибқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 ва аз рӯйи Самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқотҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025;
- ҷалби бештари ҷавонони лаёқатманд ба муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо дар зинаҳои магистратура, докторантура PhD, унвонҷӯ ва докторантура, ҳамзамон тибқи созишномаҳои дуҷониба бо муассисаҳои илмии хориҷи кишвар омода намудани мутахассисони равияҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва техникӣ дар хориҷи кишвар;
- таъмини муассисаҳои илмӣ бо асбобу таҷҳизоти нави илмӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, реактивҳо ва дигар маводи ёрирасон;
- тақвият бахшидани корҳо дар самти ташвиқу тарғиби донишҳои илмӣ тариқи воситаҳои ахбори умум, аз ҷумла тавассути телевизиони “Илм ва табиат”;
- дар сатҳи зарурии илмӣ ва ташкилӣ таъмин намудани иҷрои нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2022.
 

Тоҷикӣ

Меню: