ПАЁМ ВА МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ: АЗ ИНТИЗОРИҲО ТО АМАЛ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 01/27/2026 - 16:18

Санаи 27.01.2026 дар толори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷроиши нақшаи чорабиниҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати таъмини дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 баён намуданд, семинари навбатии илмӣ баргузор гардид. 
Чорабинии илмиро директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и. Бобозода К.О. ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки чорабинии имрӯза бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва масъалаҳои мубрами иқтисодӣ арзёбӣ гардид. 
Дар навбати худ, мудири шуъбаи таҳқиқоти иқтисодиёти бахши воқеӣ, н.и.и., дотсент Қодиров Ф.А. дар мавзӯи “Паём ва масъалаҳои мубрами рушди иқтисодӣ: аз интизориҳо то амал” маърӯзаи худро ироа намуд. Зимни пешниҳоди маъруза таъкид гардид, ки Паём дар таърихи давлатдории навини тоҷикон падидаи муҳими сиёсӣ буда, дар баробари ин ҳамчун санади институтсионалии муайнкунандаи роҳи рушд баромад мекунад. Иброз карда шуд, ки маҳз тавассути Паём ҳадафҳои рушди миллӣ ва ташаббусҳои нодири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда шуда, ҷиҳати татбиқи онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода мешавад.
Дар охир, чорабинӣ бо музокироти илмӣ ва баҳсу тавзеҳоти асоснок хотима бахшид. 
 

Меню: