Парчами Тоҷикистон-инъикосгари ҳувият ва орзуҳои миллӣ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 11/21/2025 - 13:22

Парчами давлатӣ рамзи соҳибистиқлолӣ, давлати миллӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва ормонҳои халқи тоҷик мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон


Парчами миллӣ яке аз рамзҳои давлатӣ, инъикосгари ҳувият, ягонагӣ, истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Он таъриху фарҳанг, орзуву омоли миллатро таҷассум мекунад. Дар ривоёти таърихии халқҳо, парчам ҳамчун рамзи ҳастӣ ва шукӯҳи миллӣ хизмат мекунад. Парчами Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 1992 ба расмият шинохта шуд, ҷавоҳири тамаддуни бузург, фарҳанги бой ва таърихи пуршукӯҳи тоҷикро дар худ инъикос менамояд ва яке аз муқаддасот ва ифтихороти миллии мардум ба шумор меравад. Эҷоди ин парчам дар давраи таъсисёбии нави давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, натанҳо гузориши расмие аз ташаккули намуди сиёсӣ, балки гувоҳи бар ташаккули худидоракунии миллӣ дар асри нав буд. Тарҳи парчам бо истифода аз унсурҳои анъанавии фарҳанги тоҷикӣ ва рамзҳои асили тамаддунӣ тартиб дода шуда, таркиби рангҳои он бо маъноҳои фалсафӣ ва таърихӣ арзёбӣ мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами миллӣ бо рангҳои сурх, сафед ва сабз бо тасвири тоҷу ҳафт ситора рамзи давлатдорӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдати халқ аст.  Парчами миллӣ дар худ ишора ба шуълаи оташи ғайрат, иродаи оҳанин, ҷавонмардии халқ ва ғалабаи таърихии миллати тоҷикро дорад.  Ранги сурх дар тафсири фалсафӣ ифодаи фаъолияти таърихсозии тамаддун аст, ки воқеан, тамаддунофарӣ аз муқаддасоти миллӣ оғоз меёбад. Рамзи покии ният, дониши бузург, оромӣ ва сулҳ дар Парчами мо омадааст, ки ранги сафед ифодагари тафсири болост. Дар таҳлили фалсафӣ, ин ранг ифодаи маърифати соф ва тамаддуни ориёӣ мебошад. Инчунин, ишора ба табиати зебои ватан, зиндагии устувор, ободонӣ ва тамаддуни кишоварзӣ, яъне ранги сабз, ранги хирад дар Парчами муқаддаси мо омадааст. Дар тафсири фарҳангӣ, ин ранг ифодаи пайванди ногуссори миллат бо замини падарониаш аст. Ситораи хафтгӯша бошад, дар маркази парчам бо маъноҳои амиқи фалсафӣ, ахлоқӣ ва риёзӣ оро ёфтааст. Ишора ба ҳафт фазилати ахлоқӣ (ростӣ, далерӣ, адолат, оромӣ, доноӣ, эҳтиром ва меҳрубонӣ), ҳафт унсури тамаддун (фарҳанг, адабиёт, меъморӣ, мусиқӣ, илм, кишоварзӣ ва тиҷорат) ва ҳафт арзиши асосии миллӣ (Ватан, оила, дин, илм, меҳнат, сулҳ, ваҳдат) дорад.
Парчами миллӣ дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва сохтори қонунгузории кишвар нақши бевосита дорад. Вай, ҳамзамон, таҷассуми давлатдории соҳибистиқлол, рамзи ваҳдати фарҳангӣ ва ифодагари мақоми байналмилалии ҷумҳурӣ мебошад. Рӯзи Парчам дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар бо таҷлилу эҳтиром ҷашн гирифта мешавад.
Парчами Тоҷикистон, ҳамзамон, ифодагари тамаддуни қадим, ҳувияти фарҳангӣ ва орзуҳои ояндаи миллати тоҷик аст. Ҳифзи ин рамзи миллӣ вазифаи ҳар як тоҷик буда, онро бояд ҳамчун андозаи ватандӯстӣ ва маърифати миллӣ арзёбӣ намуд.

 Ходими калони имлии
 шуъбаи таҳқиқоти демографӣ
Сафарова Н.С.

 

Меню: