Муаррифии монографияи коллективии шуъбаи тадқиқоти институтсионалӣ дар мавзуи: “Асосҳои консептуалии стратегияи рушди индустриалӣ дар заминаи рушди минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 12/12/2025 - 17:59

Монография ба масъалаҳои  консептуалии  стратегияи рушди индустриалии мамлакат ва минтақаҳои он, аз ҷумла, омилҳои иҷтимоии рушди индустриалии кишвар, арзёбии иқтидори институтсионалии рушди саноатии минтақаҳои кишвар, ташаккул ва рушди бахши транзаксионии иқтисоди минтақа (баҳодиҳии хароҷоти трансформатсия ва транзаксия) бахшида шуда, дар он самтњои афзалиятноки рушди барномавии минтақаҳои кишвар, ҷолибияти сармоягузории минтақаҳо дар самти рушди индустриалӣ, асосҳои косептуалии баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъсири он ба рушди саноатии минтақаҳо, таҳлил ва дурнамо масъалаҳои баҳодиҳии хароҷоти трансформатсионӣ ва транзаксионӣ дар заминаи дастгирии институтсионалии рушди инноватсионӣ ва саноатии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлили ин хароҷот бо мақсади беҳтар намудани рушди институтсионалии ҷумҳурӣ; ҷанбаҳои гуногуни рушди хонаводаҳо, заминаи институтсионалии хонаводаҳо дар ҳама  марҳилаҳои раванди такрористеҳсолкунӣ таҳлил карда шудаанд. 
Хулоса ва пешниҳодҳое, ки дар монография ҷой доранд, дар таҳияи Стратегия ва барномаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва модели рушд ва ҷойгиршавии қувваҳои кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он истифода карда шаванд. 
 

Меню: