Мизи мудаввар

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 09/25/2025 - 15:50

Санаи 25 сентябри соли 2025 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ мизи мудаввар дар мавзӯи “Тоҷикистон - ҷумҳурии дуюми амнтарин дар ҷаҳон” баргузор гардид, ки дар он ходимони илмии шуъбаи тадқиқоти рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда, х.п.и., н.и.и., дотсент Абдуалимов Б.А. дар мавзӯи «Баъзе омилҳои таъмини амнияти дохилӣ дар Тоҷикистон» ва х.к.и. Абдухаликов У.А. дар мавзӯи «Омилҳои илмии бехатарии миллии Тоҷикистон» баромад намуданд. Маърӯзачиён оиди моҳият ва аҳамияти амният дар таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии кишвар сухан ронданд. Дар рафти чорабинии мазкур, инчунин, ходимони илмии Институт: Мирсаидов А.Б., Хоналиев Н., Шарифзода Б.М., Махкамов Б.Б., Холбобоев Ф.С., Обидов К. ва дигарон фикру андешаҳои худро иброз намуданд.

Меню: