Мизи мудаввар

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 03/28/2024 - 10:20

    Санаи 28 марти соли 2024 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввари илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Рушди бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши дотсент Р.М.Бабаджанов дар таҳқиқи он» баргузор гардид.
Дар кори мизи мудаввар ходимони илмии Институт, даъватшудагон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Тоҷикистону Россия (Славянӣ), Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Институти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва дигарон иштирок карданд.
    Чорабинии мазкурро директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода бо сухани ифтитоҳӣ кушода, оид ба саҳми номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Бабаджанов Рустам Мирзоевич дар рушди бозори меҳнат, тарбия намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи назарияи иқтисодӣ, иқтисодиёти бахши ҷамъиятӣ ва хизмат, ҳамзамон, барои меҳнати сермаҳсул дар соҳаи тадқиқоти масоили иқтисодиёти иҷтимоӣ ва иқтисодиёти институтсионалӣ қайд намуданд.
   Сипас, тибқи барномаи мизи мудаввар узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Саидмуродзода Л.Ҳ., д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б., д.и.и., профессор Умаров Ҳ.У., д.и.и., профессор Тошматов М.Н., н.и.и. Алимов А.Л., н.и.и. Холбобоев Ф.С. ва хоҳари марҳум Бабаджанов Р.М. устоди Донишгоҳи Россия-Тоҷикистон (Славянӣ) Бабаджанова М.М. оид ба хизматҳои бисёрсолаи номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Бабаджанов Рустам Мирзоевич дар соҳаи иқтисодиёти кишвар, иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, омода намудани китобҳо ва дастурҳои таълимию методӣ, иштирок дар корҳои ҷамъиятию сиёсии кишвар ва ба камол расонидани мутахассисони баландихтисос баромад намуданд.

Меню: