Боиси ифтихори бузург ва сарбаландии миллӣ аст, ки бо ташаббуси оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло 16 қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида, номи Тоҷикистонро ҳамчун давлати сулҳпарвар, ташаббускор, ҳомии манфиатҳои умумибашарӣ ва муҳофизи ҳуқуқи инсон дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардошт.
12 –уми декабри соли 2025 дар доираи иҷлосияи 80- уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаи 61 - уми пленарӣ доир шуд.
Дар он қатънома таҳти унвони «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд, бо иттифоқи оро қабул карда шуд.
Мақсад аз эълони “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад.
Маърифати ҳуқуқӣ сатҳи маъмулан муайяншудаи инкишофи ҷомеа буда, қувваи эҷодӣ ва қобилияти инсон, муносибати байниҳамдигарии аҳли ҷомеаро дар арзишҳои моддию маънавии таҳияшуда баён менамояд. Бинобар ин маърифати ҳуқуқии инсон ва аз ҷумла маърифати ҳуқуқии кӯдакони мо бахше аз маънавиёти ҷомеа баҳисоб рафта, он ҳамчун ҷузъе аз донишҳо, ҳиссиёти равонӣ дар заминаи эътирофу эҳтироми шаъну шарафи инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ, соҳиби малака ва тавоноӣ будан ҷиҳати амалисозӣ ва ҳимояи ин муносибатҳо ба роҳ монда мешавад. Агар маърифати ҳуқуқӣ дар сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва амалияи хуқуқии инсон зоҳир шавад, бо таълими ҳуқуқи кӯдакон аз даврони кӯдакӣ ва наврасӣ мо барои такмили дониши ҳуқуқии ҷомеа саҳм мегузорем.
Маърифати баланди ҳуқуқӣ - ин риояи бошууронаи меъёрҳои қонун ва итоат ба қонунро ҳам дар назар дорад, зеро одамони дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ бар зидди равандҳои ҷамъиятӣ қарор нагирифта, балки ҳар яке ба таври тавон дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ фаъолона иштирок менамоянд. Мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он натанҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад. Дар шароити муассисаҳои таълимӣ ва барои мо, омӯзгорону хонандагон иҷрои вазифаҳои хидматӣ, беҳуда нагузарондани соатҳои дарсӣ, иштироки фаъолона дар машғулиятҳои таълимӣ, итоат ба реҷаи мактабӣ, эҳтироми калонсолону ҳамсинфон, риояи ҳар талаботи дигари хоси мактаб ба маҷмуи чунин арзишҳо дохил мешаванд.
Ҳамин тариқ ҳар як шахс барои истифода ва дифоъ аз ҳуқуқҳои худ, бояд донишу таҷрибаи кофии ҳуқуқии дошта бошад.
Мо агар ин масъаларо дар доираи роҳбар ва корхонаву ташкилотҳои мустақил – яъне шахсони ҳуқуқӣ мавриди таҳлил қарор диҳем, зарурияте пайдо мешавад, ки мунтазам аз мӯҳтавои санадҳои меъёрию ҳуқуқии мамлакат бохабар бошем. Барои мисол дар соҳаи муносибатҳои заминистифодабарӣ, танҳо механизм (тартиб) – и ба заминҳои кишоварзӣ мансуб доштани қитъаҳои алоҳидаи заминро мавриди таҳлил қарор медиҳад:
Мутобиқи моддаи 64 кодекси Замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи заминҳои барои эҳтиёҷоти хоҷагии қишлоқ истифодашаванда заминҳои таъиноти кишоварзӣ эътироф карда мешаванд.
Ба заминҳои таъиноти кишоварзӣ киштзорҳо, ниҳолҳои бисерсола, алафзорҳо ва чарогоҳҳо, заминҳои аз ҷониби роҳҳои дохилихоҷагӣ, коммуникатсияҳо, обанборҳо, иншооти гидротехникӣ ва биноҳое, ки барои истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди аввалияи маҳсулоти кишоварзӣ истифода мешаванд, инчунин дигар заминҳои ғайрикишоварзӣ, ки дар дохили категорияи заминҳои зикршуда ҷойгиранд, дохил мешаванд.
Эътирофи заминҳои таъиноти кишоварзии ҳамаи заминҳои барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ истифодашаванда комилан баҳсталаб мебошад. Дар Тоҷикистон заминҳое мавҷуданд, ки барои эҳтиеҷоти кишоварзӣ ва дигар категорияҳои замин истифода мешаванд.
Мувофиқи банди 1 моддаи 77 кодекси Замини Федератсияи Россия, заминҳои таъиноти кишоварзӣ заминҳои берун аз ҳудуди маҳалли аҳолинишин буда, барои эҳтиеҷоти хоҷагии қишлоқ ва инчунин барои ин мақсадҳо пешбинишуда эътироф карда мешаванд. Аввалан, нишон дода мешавад, ки заминҳои таъиноти кишоварзӣ – аз марзҳо маҳалли аҳолинишин ҷудо карда шудаанд. Дуюм, байни заминҳое, ки барои эҳтиеҷоти кишоварзӣ дода шудаанд ва барои ин мақсадҳо пешбинӣ шудаанд, фарқияти калон вуҷуд надорад. Аз ҷумла, тахмин кардан мумкин аст, ки заминҳои барои мақсадҳои кишоварзӣ пешбинишуда низ замоне барои ин мақсадҳо "таъминшуда" буданд, аммо ҳоло бо ин мақсад истифода намешаванд.
Меъерҳои ба заминҳои таъиноти кишоварзӣ ҳамчун категорияи мустақил дохил кардани заминҳо бояд ду аломати асосӣ ҳисобида шаванд: таъиноти ин заминҳо барои эҳтиеҷоти кишоварзӣ ва ҷудо кардани ин заминҳо аз ҳамаи заминҳои дигар.
Бо ҷамъбасти изҳороти олимони дар боло зикршуда, метавон мафҳуми "заминҳои таъиноти кишоварзӣ" - ро ҳамчун заминҳое, ки барои истеҳсоли кишоварзӣ дода шудаанд е истифода мешаванд ва аз заминҳои категорияҳои дигар ҷудо карда шудаанд, таҳия кард.
Бояд қайд кард, ки дар табиат категорияҳои заминҳо на ҳамеша аз ҳамдигар ҷудо карда мешаванд, ба истиснои заминҳои маҳалҳои аҳолинишин, алахусус шаҳрҳо, зеро онҳо ҳамзамон воҳиди маъмурӣ–ҳудудӣ мебошанд. Амалан, сарҳади байни категорияҳои заминҳо дар табиат норавшан аст: шумо метавонед қитъаҳои замини як категорияро дар сарҳади категорияи дигари заминҳо вохӯред. На танҳо қитъаҳои замини барои мақсадҳои кишоварзӣ пешбинишуда (е истифодашаванда) дар сарҳади категорияҳои дигари замин ҷойгиранд, балки қитъаҳои замини таъиноти мақсадноки дигар (категорияи дигар) низ метавонанд дар сарҳади категорияи заминҳои таъиноти кишоварзӣ бошанд.
Бо вуҷуди ин, дар чанд соли охир, бо назардошти азнавташкилдиҳии корхонаҳои давлатии кишоварзӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), баъзе қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба категорияи заминҳои маҳалҳои аҳолинишин гузаронида шуданд. Ин далелро омили субъективии аз даст додани мақоми ваколатдор ҳисоб кардан мумкин аст, ки саривақт заминҳои зикршударо аз як категория ба категорияи дигар интиқол надодааст. Илова бар ин, қариб дар ҳамаи категорияҳои заминҳо заминҳои кишоварзӣ мавҷуданд, ки ин бо шароити объективӣ шарҳ дода мешавад. Мувофиқи фонди замини зикршуда, заминҳои кишоварзӣ дар категорияи заминҳои маҳалҳои аҳолинишин дар майдони 7590 гектар; заминҳои саноат, нақлиет, алоқа, таъиноти мудофиавӣ ва дигар таъинот 28212 гектар; заминҳои таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, рекреатсионӣ ва таърихӣ – фарҳангӣ 172859 гектар; заминҳои фонди давлатии ҷангал 489332 гектар; заминҳои фонди давлатии об 1768 гектар ва заминҳои захираи давлатӣ 357049 гектар . Ин рақамҳо дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шартӣ будани сарҳади байни категорияҳои замин ва истифодаи омехтаи замин шаҳодат медиҳанд.
Дар робита ба гуфтаҳои дар боло зикршуда, савол ба миен меояд: чаро заминҳои барои мақсадҳои кишоварзӣ пешбинишуда, ки дар сарҳади категорияҳои дигари замин ҷойгиранд, заминҳои истифодаи кишоварзӣ номида мешаванд ва ҳангоми ҷойгиршавии қитъаҳои замини категорияҳои дигар дар сарҳади категорияи заминҳои таъиноти кишоварзӣ категорияҳои онҳо номида мешаванд. Фарз мекунем, ки қитъаҳои замини барои саноат, нақлиет е ягон объекти таърихию фарҳангӣ пешбинишуда дар доираи категорияи заминҳои таъиноти кишоварзӣ на барои истифода, балки заминҳои категорияи мушаххас номида мешаванд. Эҳтимол, аз ин рӯ, дар ин ҳолат истифодаи омехтаи заминҳои категорияҳои гуногун мушоҳида мешавад. Ва дар ин ҳолат, заминҳои категорияҳои гуногунро аз ҳамдигар ҷудо кардан мумкин аст, бе риояи принсипи заминсозӣ – мукаммал будани заминҳои ҳар як категория, балки порчазаминӣ ба вуҷуд меоянд.
Бояд қайд кард, ки заминҳои таъиноти кишоварзӣ дода мешаванд ба:
- шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои пешбурди истеҳсолоти кишоварзӣ;
- шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои боғдорӣ ва боғдорӣ;
-муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ ва дигар муассисаҳои кишоварзӣ, корхонаҳо, мактабҳои истеҳсолӣ-техникии деҳот ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ
–барои мақсадҳои тадқиқотӣ, таълимӣ, таблиғи таҷрибаи пешқадам ва пешбурди кишоварзӣ;
- корхонаҳои ғайрикишоварзӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳо, ташкилотҳои динӣ барои пешбурди хоҷагиҳои ёрирасон.
Ҳамин тариқ, заминҳои кишоварзӣ заминҳое мебошанд, ки барои истеҳсоли кишоварзӣ дода ва истифода мешаванд ва аз дигар категорияҳои замин ҷудо карда шудаанд. Ҳамзамон, шартӣ будани марзҳои байни категорияҳои заминҳо ва истифодаи омехтаи онҳоро нишон додан лозим аст.
Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия муайян кардани категорияи заминҳои таъиноти кишоварзӣ, ки мувофиқи он заминҳои зикршуда аз ҳамаи категорияҳои дигари заминҳо ҷудо карда мешаванд, мақсаднок аст.
Ҳамин твр аз як масъалаи хело хурди соҳавӣ тасмим гирифтан мумкин аст, ки қонунҳои соҳавии мо ҳамеша ба таҷдид ниёз доранд. Ҳоло он ки ҳамаруза мо дар рафти зиндагӣ ва кор бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, маориф, тандурустӣ, иҷтимоӣ ва кишоварзӣ рӯ ба рӯ мешавем
Аз ин рӯ Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Оиди эълон намудани соли 2027 “Соли байналмиллалии маърифати ҳуқуқӣ”” зарурияти замон шуморид, ки ифтихори мо аст. Байни давлатҳои аъзои ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳон – Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори ин масъалаи рӯзмарра гардид.
Ба ҳамаи кормандони ИИваД АМИТ ва кулли мардуми Тоҷикистон қабули ин қатъномаро муборакбод мегӯем.
Ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти рушд
ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда,
н.и.и., дотсент Абдуалимов Баҳром Абдулазимович





Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.








