Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ аввалин шуда, дар солҳои барои кишвар сахту ноором 6 - уми ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосии кишварро таҳия ва қабул кард. Ин санади сарнавиштсоз самти асосии пешрафти шохаҳои давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муайян намуд. Асосҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ дар доираи талаботи Конститутсия ба роҳ монда шудааст. Конститутсияи нави ҷумҳурӣ заминаи воқеии ислоҳоти судии мамлакатро гузошт. Бори нахуст ҳокимияти судӣ баробари ҳокимияти иҷроия ва қонунгузор яке аз шохаҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф шуд, ки ин аз баланд рафтани мақоми судӣ дар ҷомеа шаҳодат медиҳад.
Конститутсия яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибихтиёрии кишвар маҳсуб гашта, хусусиятҳои хоси давлатдории миллии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро таҷассум менамояд ва дар худ моҳияти тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеаи тоҷиконро ифода менамояд. Хусусияти демократии конститутсияи мамлакати мо аз тарафи аксари кулли институтҳои ҳуқуқии башарият эътироф гардидааст ва дар байни конститутсияҳои давлатҳои ҷаҳон яке аз конститутсияҳои демократитарин шинохта шудааст. Моҳияти демократии конститутсия дар моддаи 1-уми он таҷассум ёфтааст, ки дар он чунин омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идории Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.
Меъёрҳои муайяннамудаи Конститутсия барои устувории вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва осоиши мардум хизмат мекунад. Тавре маълум аст, соли 1991 дар пеши назари мардум дар Парлумони онвақта борҳо ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки ба манфиати ин ё он гурӯҳҳои сиёсӣ хизмат намуда, боиси барканоршавии сарвари давлат гардида буд. Акнун тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи амалкунанда танҳо бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегирад ва ягон ҳизби сиёсӣ ё гурӯҳи одамон бо роҳи зӯрӣ ва фишор ҳуқуқ надоранд, ки ба он тағйиру илова ворид намоянд.
Мавқеи асосиро дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад, зеро риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафили давлатдории ҳуқуқбунёду демократӣ мебошад. Махсусан, пас аз тағйиру иловаҳое, ки аз 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия ворид карда шудаанд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо ба инобатгирии манфиати онҳо такмил дода шудаанд. Тибқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Инсон, хуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва ҳуқуқҳои дигари фитрии инсон дахлнопазиранд» (м.5). Конститутсия муносибатҳои байни мақомоти марказии ҳокимияи давлатиро аз рӯи принсипи таҷзияи он муайян кардааст: «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қуонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад» (м.9). Халқ ҳокимияти худро бо роҳи ифодаи иродаи худ дар интихобот ё интихоби мақомҳое, ки халқро намояндагӣ мекунанд, ба амал мебарорад.
Яке аз масъалаҳои муҳими давлатдорӣ интихоби институти президентӣ буд. Дар иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ба ҷои идоракунии президентӣ тарзи парлумонӣ интихоб гашта буд. Бинобар ин, ҳангоми таҳияи Конститутсия баҳсҳо зиёд гашта ду лоиҳа таҳия гардид ва дар муҳокимаи гурӯҳи корӣ ва Комиссияи конститутсионӣ аксарият «Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ»-ро тарафдорӣ карданд. Дар давоми амали Конститутсия дурустӣ ва ба ҳолати кунунии ҷумҳурӣ мувофиқ будани ин роҳ исботи худро ёфт. Конститутсия шакли идоракунии президентиро муқаррар намуд ва тибқи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст (м.64). Президенти кишварро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ интихоб менамоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии кишвар иброз намуда буданд, ки яке аз унсурҳои муҳими ҷомеаи демократӣ мақомоти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ ва амалисозандаи адолати судӣ мебошад.
Конститутсия ҳуқуқи инсонро арзиши олӣ эътироф намуд. Дар боби дуюми Конститутсия тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инсон, ба мисли паҳлуҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ фарҳангӣ дарҷ гардидааст, аз ҷумла, ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба дахлноразири шахсӣ, баробарӣ дар назди қонун, кафолати ҳифзи судӣ, ҳуқуқ ба мерос, ҳуқуқ ба моликияти шахсӣ, ҳуқуқ ба саломатӣ, меҳнат, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ оварда шудааст, ки иҷрои онҳоро давлат кафолат додааст.
Қобили қайд аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони намоён ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла, мутахассисони Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо баҳои сазовор гирифт. Маҳз таҷассуми меъёрҳои ҳуқуқи инсон дар Конститутсия буд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф гардид.
Дар баробари зикр намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, уҳдадориҳои шаҳрвандон ҷиҳати эҳтиром ва риояи қонунҳо низ мушаххас ва сабт шуд, зеро танҳо дар ҳолати риоя гардидани ин ду талаботи муҳим тартиботи ҷамъиятӣ ва оромиву осоиштагиро метавон таъмин намуд.
Бо итминон метавон зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани шуури ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Умуман, гуфтан зарур аст, ки сиёсати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1997 оғоз шуда буд. Дар ин замина, бо мақсади таъмини волоияти қонун, таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии ҷинояткорӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуданд:
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 № 691 “Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 “Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ”;
- «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 августи соли 1997;
Мувофиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз вазифаҳои асосии ВҲИ мусоидат ба баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шаклҳо ва воситаҳои ҳифзи он мебошад.
Мақомоти мазкур барои пешгирӣ ва барқарорсозии ҳуқуқ ва озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрванд, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон вазифадор гардида, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқи инсон, гузаронидани мониторингҳои вазъи ҳуқуқи инсон, ҷамъбаст ва пешниҳоди тавсияҳоро ба амал мебарорад.
Конститутсия ва санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқӣ ба суд салоҳиятро доданд, ки гунаҳгор ва бегуноҳии шахсро муайян созад, ҳаёт, қадру номус, моликият ва дигар дигари инсон, инчунин, манфиати давлат ва дигар ташкилоту муассисаҳоро ҳифз намуда, волоияти қонун ва адолати иҷтимоиро дар ҷомеа таъмин намояд.
Дар ин давра тибқи муқаррароти Коститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлатӣ соҳибистиқлол мавқеи увстувор пайдо намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосии кишвар масъалаҳои ҳаётан муҳимро танзим намуда, хислати демократӣ дошта, адолату бароробарӣ ва озодӣ дар он нуҳуфтааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосии давлат собит кард, ки ҳамчун кафили воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд барои мо заминаи мустаҳками сохтмони ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёдро фароҳам овардааст. Ҳифзи ҳуқуқи инсон натанҳо вазифаи давлат, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон низ мебошад. Аз ин лиҳоз, роҳи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва пешрафти ҷомеа ин риоя ва иҷрои меъёрҳои Конститутсия, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва эҳтиром ба қонунҳо мебошад.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, хоҳони онем, ки тамоми кормандони илмии АМИТ ва алалхусус кормандони Институти иқтисодиёт ва демографияро бо ин рӯзи муқаддас табрик намуда, бурдбориҳо дар фатҳи қуллаҳои нави илм таманно намоем.
Б. Абдуалимов – ходими пешбари илмӣ, н.и.и., дотсент.





Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.








