Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Вазъи муосири индустриалӣ-инноватсионии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди онҳо»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 11/30/2021 - 10:30

Санаи 30-юми ноябри соли 2021 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2021 №88 «Дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Вазъи муосири индустриалӣ-инноватсионии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди онҳо» баргузор гардид.
Ҳамзамон, дар доираи ин конференсия санаи 8 декабри соли 2021 Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ аз 02.11.2021 №12474(26.5) дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии «Заминаҳои иҷтимоиву иқтисодии рушди индустриалӣ-инноватсионии вилояти Хатлон»-ро гузаронид.
Дар кори конференсияи мазкур намояндагони масъули вазоратҳои маориф ва илм; саноат ва технологияҳои нав; меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ; Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва баромад намуданд.
Дар рафти конференсия 7 маърӯзаҳои илмии намояндагони вазорату идораҳо, 4 маърӯзаҳои илмии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, инчунин, 7 маърӯзаҳои илмии ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шунида шуда, вазъи муосири индустриалӣ-инноватсионии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди онҳо мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
 

Тоҷикӣ

Меню: