Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Трансформатсияи индустриалии минтақаҳои деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 05/27/2022 - 15:40

Санаи 27 майи соли 2022 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар асоси қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 25 майи соли 2022 №74 «Дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар АМИТ барои соли 2022» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Трансформатсияи индустриалии минтақаҳои деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар оғози кори конференсия муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Мирсаидов А.Б. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.
Дар кори конференсияи мазкур намояндагони масъули вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кишоварзӣ, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ва дигар мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва баромад намуданд.
Тибқи рӯзнома иштирокчиёни конференсия масъалаҳои зеринро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд:
- ҷанбаҳои методологиву методии таҳқиқу арзёбии трансформатсия ва фазои (пространства) индустриалии минтақаҳои деҳоти мамлакат;
-    хусусият ва самтҳои асосии трансформатсияи индустриалии минтақаҳои деҳоти мамлакат; 
- ҳолати коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ ва захираҳои табии минтақаҳои деҳоти кишвар;
- ҳолати рушди заминаҳои техникиву-технологии истеҳсолоти аграрӣ ва таҷдиди он; 
- тамоюли рушди сармоягузорӣ ба корҳои селексиониву зотпарварӣ ва механизмҳои иқтисодиву ташкилии рушди онҳо;
- тамоюли рушди инфрасохторҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва бозории минтақаҳои деҳоти мамлакат; 
- иқтидори индустриаливу инноватсионии рушди минтақаҳо;
- шаклгирии низоми индустриаливу инноватсионии минтақаҳои мамлакат; 
- таъминоти институтсионалии трансформатсияи индустриалии минтақаҳои деҳоти мамлакат;
- густариши робитаҳои иқтисодии берунаи минтақаҳо, нақши интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва диаспораҳо дар таъмини трансформатсияи индустриалии минтақаҳои деҳот;
- омилҳо ва механизмҳои демографии баланд бардоштани тафаккури саноатӣ ва фарҳанги инноватсионии минтақаҳои деҳоти ҷумҳурӣ ва ғайра.
 

Тоҷикӣ

Меню: