Истиқлолият ва рушди давлатдории миллӣ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 09/03/2025 - 12:28

Имсол Тоҷикистони азизи мо ҷашни бузурги сиючорсолагии Истиқлолияти давлатиро таҷлил менамояд, чунин як гавҳари бебаҳо осон ба даст наомадааст ва ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар фарди тоҷикистонӣ аст.
Дар давраи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъи назар аз вазниниҳои солҳои аввал муваффақиятҳои бузург ба даст омадаст.  
Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ тамоми кишварҳои пасошӯравӣ ба бӯҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуданд. Махсусан, Тоҷикистон бар асари дахолати беруна ва ноустувории сиёсати дохилӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор шуда буд, ки он пеш аз ҳама ба куштор ва нотинҷӣ дар қисмати зиёди кишвар, ҳиҷрат намудани мардум ба давлатҳои ҳамсоя, шадидан паст гардидани сатҳи зисти мардум таъсири манфии худро гузошта буд.   
Дар ин давра, дар шаҳру ноҳияҳои марказ ва ҷануби кишвар силоҳдорони ғайриқонунӣ ба гурӯҳҳои мухолифи давлат амал мекарданд, ки на танҳо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар минтақаҳои ҷангзада, балки мақомоти марказии идораи давлатиро низ фалаҷ гардонида буд ва мувофиқан мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар тамоми минтақаҳои кишвар пурра фалаҷ карда буд. Аммо, шукр, ки дар Тоҷикистон дар натиҷаи чораҳои таъхирнопазире, ки дар соҳаи сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ андешида шудаанд, дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Махсусан, баъд аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид ва Сардори давлат интихоб карда шуд, самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид.  Дар натиҷаи чораҳои қатъии андешидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат ҷорӣ гардида, дар минтақаҳо низ фаъолияти ҳокимияти давлатӣ устувор гардид. 
Вазъияти душвор, ки дар натиҷаи қатъи робитаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои дигар баъд аз пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ ва аз кор бозмондани корхонаҳои бузург ба вуҷуд омад, дигаргун кардани низоми иқтисодиро тақозо намуд. Ҳамчунин, касодии хазинаи давлатӣ водор мекард, ки дар соҳаи иқтисод хусусигардонӣ ба роҳ монда шуда, сармоягузории хориҷию ватанӣ ҷалб карда шавад. 
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид дар қатъ гаштани ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор гардидани сулҳу суботи кишвар нақши асосиро иҷро намудааст. Бахусус, раиси Парлумон ва Сардори давлат интихоб гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ як омили аз як гиребон сар баровардани кулли мардуми Тоҷикистон ва оғози мутташаккили ҳалли мушкилоти дар ҷомеа ба вуҷудомада буд. Ҳарчанд, аз ҷумлаи чунин мушкилот масъалаҳои хеле душвори баргардонидани гурезаҳои тоҷик ба кишвар дониста мешавад ва, бешак чунин ҳам ҳаст, бояд қайд намоем, ки баъд аз ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ, гуфтан мумкин ки иқтисоди кишвар наздик ба нестӣ омада буд. Тамоми системаи идоракунии соҳаи иқтисод ва иҷтимоиёт пурра фалаҷ гардида буд. Махсусан, дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубу маркази кишвар, ки маркази ҷанги шаҳрванди буданд низоми идоракунии иқтисод ва иҷтимоиёт куллан нест шуда буд. Бинобар ин, танҳо баъд аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли таъхирнопазири мушкилоти ба вуҷуд омада оғоз гардид ва дар ҳаёти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тағйироти ҷиддӣ ва мусбӣ ба вуҷуд омадаанд ва чун марҳилаи пойдор гардидани системаи идораи давлатӣ, марҳилаи озод намудани кишвар аз силоҳдорони ғайриқонунӣ ва гурӯҳҳои мухолифин, марҳилаи сулҳу субот дар кишвар, гузариш ба системаи ободкорӣ дар кишвар арзёбӣ карда мешавад. 
Сарвари давлат интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ чун омили муҳимтарини сафарбар кардани тамоми мардуми Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти таъхирнопазир арзёбӣ мегардад. Бояд гуфт, ки дар солҳое, ки ҷанги шаҳрвандӣ давом дошт, низоми идоракунӣ ва иқтисодии кишвар махсусан дар шаҳру ноҳияҳои ҷангзада комилан аз байн рафта буд.
Барои барқарор кардани низоми сиёсӣ ва фаолияти мӯътадили ҳокимияти давлатӣ хам дар сатҳи идораҳои давлатии марказӣ ва, махсусан дар минтақаҳо пеш аз ҳама сулҳ ва ваҳдати миллӣ бояд таъмин мегардид. Мушкилоти хеле ҷиддие, ки назди ҳукумати кишвар меистод, баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ва ба зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаю мӯътадил оғоз кардани онҳо буд.
    Аз соли 1994 сар карда, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли ин масъалаҳои хеле мушкил вусъат бахшида, барои ба ватан баргаронидани гурезагон, ки бештари онҳо аз минтақаҳои ҷануби кишвар буданд, чораҳои қатъӣ ва таъсирбахш андешид. 
     Бояд зикр намуд, ки то солҳои 2000-ум ва қабули Конститутсия аз тариқи райпурсии умумӣ, як силсила қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқию меъёрӣ қабул гардиданд, ки барои ба низом овардани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо мусоидат намуданд. Аз ҷумла, барои маблағгузории фаъолияти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, такмили сохтори идораи давлатӣ ва гузаронидани ислоҳоти зарурӣ, тақсим кардани замин ба аҳолӣ, ҷалби грантҳои созмонҳо ва бонкҳои байналмилалӣ амалӣ карда шуд ва ҳамкориҳои дуҷониба ва бисьёрҷониба бо созмонҳои умумиҷаҳонӣ ва кишварҳои хориҷ ба роҳ монда шуд, ки   барои ба вуҷуд омадани инфрасохтори идоравӣ ва иқтисодӣ дар маҳалҳо кӯмак намуд.
Яке аз сабабҳои қафомонии инкишофи маҳалҳо комил набудани заминаҳои қонунгузорӣ дар фаъолияти онҳо буд. Чунончи, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳали шаҳр, ноҳия ва ҷамоатҳо бо ҳамин сабаб ба натиҷаҳои назаррас дар пешрафти ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба зудӣ ноил намешуданд. Нокифоя будани маблағҳои буҷа барои пардохти маош, харидани техника ва маводи зарурӣ ҷиҳати таъмин намудани фаъолияти самараноки мақомоти маҳаллӣ, қафомонӣ дар соҳаи саноат, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди реалӣ, заиф гаштани низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва мавҷуд набудани низоми суғуртаи иҷтимоӣ, хароб гаштани соҳаи маорифу тандурустӣ рушди маҳалҳоро суст карда буд.
Вале, ба туфайли кӯшишҳои ниҳоят ҷиддӣ ва андешидани чораҳои таъсирбахш аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадриҷан боиси устувор шудани низоми сиёсию иқтисодӣ дар тамоми қаламравӣ кишвар гардид.
Яке аз вазифаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ дар маҳал дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ дар бахши воқеии иқтисод ин ҳалли масъалаҳои иқтисодию истеҳсолии корхонаҳои соҳаҳои гуногун, ки ба ҳамин минтақа вобаста мебошад. 
Баъд аз соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ ва муайян шудани иқтисоди бозоргонӣ чун самти асосии ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ, вазифаҳои ҳокимияти давлатӣ дар маҳал куллан дигаргун шудаанд. Аз ҷумла, мувофиқ ба иқтисоди бозоргонӣ, мақомоти маҳаллии идораи давлатӣ аз вазифаҳои хоҷагидорӣ ҷудо гардида, ба масъалаҳои иқтисодию истеҳсолии корхонаҳои бахши хусусӣ дахолат кардан манъ карда шуд. Вазифаи ҳокимияти давлатӣ дар маҳал дар бахши воқеии иқтисод ин ташкил намудани заминаи ягонаи ҳуқуқӣ ва шароити мусоид барои таъсис дода шудан ва рушди бемайлони соҳибкорӣ муқаррар гардид. Ҳокимияти давлатӣ дар маҳал муттасаддии рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ҳалли масъалаҳои таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, масъалаҳои экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, ободонии минтақа ва ғайра гардид.
Самт ва сатҳи рушди минтақаҳоро дар давоми солҳои истиқлоияти давлатӣ ҷамъбаст намуда, гуфта метавонем, ки имрӯз, Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷумлаи давлатҳои рушдёфта эътироф шуда, тамоми нишондиҳандаҳои макроиқтисоди он мӯътадил гаштаанд ва мувофиқан, тамоми минтақаҳои кишвар дар ин давра ислоҳ ва рушд кардаанд. Дар 34 соли соҳиби истиқлолият шудан, Тоҷикистон аз як кишвари ҷангзада бо мардуми пароканда, бо хатари аз байн рафтан ва порча-порча тақсим шудан рӯ ба рӯ буд, ба давлати мустақил, пешрав бо мардуми хушбахту ободкор, бо иқтисоду иҷтимоиёти устувор табдил ёфтааст ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. 
Рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро дар давоми 34-соли истиқлоияти давлатӣ ҷамъбаст намуда, гуфта метавонем, ки имрӯз, Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷумлаи давлатҳои рушдёфта эътироф шуда, тамоми нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ он мӯътадил гаштаанд ва мувофиқан, тамоми минтақаҳои кишвар дар ин давра ислоҳ ва рушд ёфтаанд. 
Сулҳу ваҳдате, ки пойдор шуд, барои боз ҳам васеъ шудани фазои демократия ва имкониятҳои иқтисодию соҳибкории аҳолӣ мусоидат карда, дар бисьёр соҳаҳои иқтисоди реалӣ иқтидори содиротии кишвар сол то сол зиёд шуда истодааст. Рушди минтақаҳои кишвар низ, мувофиқан, чун марҳилаи муҳим ва муваффақ дар пешрафти умумии иқтисодию иҷтимоии кишвар арзёбӣ карда мешавад.


 Алимов А.Л. - н.и.и., мудири шуъбаи таҳқиқоти институтсионалии

Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

Меню: