Хиёнат ба арзишҳои ҳамзистии бародарона

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 09/16/2022 - 17:04

Муноқишаи ҳарбӣ вазъиятест, ки оқибатҳои амиқи манфӣ дорад.
Аҳолии манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон робитаи амиқи хешутаборӣ ва хешовандӣ доранд, ки набояд канда шаванд.
Мутаассифона, ҳуҷум/ҳамлаи низомии ахир ба аҳолии минтақаи марзӣ аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон дар қаламрави Тоҷикистон ноустувории рушди низоми сиёсии Қирғизистонро нишон медиҳад.
Воқеан ҳам дар ин муноқиша аҳолӣ, бахусус, мардоне, ки оила, падару модар ва фарзанд доранд, иштирок мекунанд ва аз ин лиҳоз, оқибатҳои ин ҳодисаҳои ҷангӣ дар ёди насли ҷавон боқӣ монда, дар оянда низоъ миёни наслҳо зуд-зуд рух медиҳад. Ин ба вазъи иљтимоию иқтисодии ҳамин минтақаҳои сарҳадӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Қирғизҳо бояд донанд, ки рушди сусти низоми сиёсӣ Қирғизистон ва мардуми онро ба марг мебарад.
 

Тоҷикӣ

Меню: