«Панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз пеш аз фарорасии Ҷашни Наврӯз таҷлил гардидани Сада низ моро водор месозад, ки ба истиқболи сазовори Наврӯзи ҷаҳонӣ ва киштукори баҳорӣ омодагии ҳаматарафаро вусъат бахшем».
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷашни Сада аз ҷашнҳои қадимии миллии мардуми тоҷик буда, бо омилҳои гуногун анқариб аз байн мерафт. Бояд ёдовар шуд, ки маҳз бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё карда шуд. Хидматҳои Пешвои муаззами миллат дар эҳёи фарҳанги бостонии миллати тоҷик ва ҳамзамон ҳифзи хотираи таърихии миллат беназир аст ва мо ходимони илм бояд ин ҳама кӯшишу заҳматҳои Сарвари хирадманди кишварро қадр намоему ҳаргиз фаромӯш насозем. Ҷашни Сада яке аз бостонитарин ва пуррамзтарин ойинҳои фарҳанги тоҷикон, натанҳо як падидаи таърихӣ, балки ҷузъи ҷудонашавандаи ҷаҳонбинии миллӣ ва худшиносии фарҳангии ҷомеа ба шумор меравад, ки боиси ифтихор ва сарфарозии халқи тоҷик аз замонҳои қадим то имрӯз ба ойину суннатҳои миллӣ ва арзишҳои аҷдодии худ арҷ гузошта, барои эҳё кардану ғановатманд гардонидани онҳо ва дар миёни аҳли ҷомеа густариш пайдо кардани маросиму ҷашнҳои бостонии хеш саъю талош менамояд. Имрӯзҳо дар гӯшаву канори Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни Садаро бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд, ки Ҷашни Сада, яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёнтабор, аз ҷумла, тоҷикон буда, ҳамчун ҷашни омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз истиқбол мегардад. Ин ҷашн дар баробари ҷанбаҳои табиӣ, кишоварзӣ ва фалсафӣ, инчунин, аҳамияти бузурги тарбиявӣ, ахлоқӣ ва таърихию ҳуқуқӣ дорад. Ҷашни Сада дар қатори ҷашнҳои Наврӯзу Тиргон ва Меҳргон аз даврони қадим то имрӯзи ба мо як силсила одобу суннат, расму ойин ва донишу таҷрибаҳои кишоварзӣ баргузор мегардад, ки рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Дар ин рӯз чун анъанаи Ҷашни Сада аз ҷониби кишоварзон маҳсулоти ғалладонагии худро тибқи ойини аҷдодӣ, бештар донагиҳо гандум, лӯбиё, нахӯд, наск, мош, арзанро, пешниҳоди деҳқонони ватани азизамон мегардонанд. Сарвари давлат вобаста ба ин иброз медоранд, ки ниёгони ориёнтабори тоҷикон ҳанӯз беш аз шаш ҳазор сол қабл аз ин ба ҳунармандиву косибӣ, истеҳсоли ашёи зарурии рӯзгор ва корҳои кишоварзиву боғдорӣ машғул будаанд: “Онҳо барои ҳар фасли сол иду маросим ва одатҳои махсус доштаанд, ки ҳама бо табиат, заминдорӣ ва касбу кори гузаштагонамон пайванди мустаҳкам дошта, аз ҷониби хурду бузург таҷлил мегардиданд.
Аз барои ризқ, дило, ғам хӯрданат кори хатост,
гар надонӣ, аз азал ризқат зи даргоҳи худост.
Ҷашни Сада яке аз ойинҳои басе деринаи мардуми мо мебошад”. Ҳамин аст, ки ниёгони мо барои чор фасли сол ойину ҷашнҳои алоҳидаро бунёд гузоштаанд. Ҷашни Сада ҳам мисли Ҷашни Наврӯз пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, он ҳамасола дар рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил карда мешавад.
Ҳамин тавр чилрӯзагии Хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман (30-юми январ) чун Сада ҷашн мегирифтанд ва пас аз 50 рӯз, яъне 21-уми март замони ба балоғат расидани онро ба таври густурда ҷашн мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст. Ҷашни Садаро дар даҳумин рӯзи моҳи Баҳман (баробари 29-30-юми январ) баргузор мекарданд, ки аз зимистон сад рӯз (обон, озар, дай ва даҳ рӯзи баҳман) мегузашт. Худи мафҳуми Сада аз шумораи сад гирифта шуда, яъне 50 шабу 50 рӯз то Ҷашни Наврӯз мебошад. Муҳимтарин рамзҳои Ҷашни Сада офтоб, оташ ва об мебошанд, ки ин унсурҳои табиӣ дар ҷомеаи аҳди бостони ниёгони мо ҳамчун рамзҳои ҳуқуқӣ ба ҳисоб мерафтанд.
Ҳамчунон бояд қайд намуд, ки худи мафҳуми Ҷашни Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор мебошад. Тавре Пешвои миллат иброз намуданд, рамзу маъниҳои Сада хеле зиёд буда, моҳияти асосии Ҷашни Сада аз пирӯзии гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ иборат мебошад. Зеро нур ва гармӣ сабаби идома пайдо кардани рӯзгор, ҳастии мавҷудот ва ҳифзи зиндагӣ аст. Ин рукнҳо баъдҳо ба анъанаҳои миллӣ табдил ёфта, ташаккул меёбанд ва дар байни халқ ҷойгоҳи хосро пайдо карда, дар хотираи таърихию фарҳангияшон ворид мешаванд ва то ба имрӯз идома доранд. Ҷашн инсонро ба меҳнат, созандагӣ сабру таҳаммул ва бовар ба қудрати ақлу дониш раҳнамун месохт. Аз ин рӯ, дар замони имрӯза таҷлили сазовор ва шоистаи ҷашни Сада барои аз байн бурдани хурофоту бегонапарастӣ, ҷаҳолату нодонӣ замина гузошта, барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши назаррас мегузорад. Таҷлили бошукуҳи Ҷашни Сада дар замони муосир далели зинда будани суннатҳои миллӣ ва пайванди наслҳо мебошад. Танҳо бо чунин муносибат мо метавонем арзишҳои фарҳангии худро ба наслҳои оянда ба таври шоиста интиқол дода, дар рушди ҷомеаи солим ва мутамаддин саҳм гузорем.
Ходими пешбари илмии шуъбаи
таҳқиқоти инфрасохторӣ, н.и.и.
Шералиев Абдувоҳид Абдуҳамидович




Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.








