Таассурот ва бардошт аз иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳамасола рӯзи якуми сентябр дар яке аз муассисаи таҳсилоти миёна ва ё олии касбии кишвар бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ баргузор мегардад, ки он ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Рӯзи дониш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санаи бузургдошти илму маърифату дониш истиқбол гирифта мешавад. Дар ин рӯз ҳазорон нафар наврасону ҷавонон ба остонаи боргоҳҳои илму маърифат қадам мегузоранд ва дар дарси нахустин оид ба моҳияти илму дониш ва аҳамияти сулҳу субот маълумот гирифта, ба илмомӯзӣ, дӯст доштани зиндагӣ, эҳтироми якдигар ва тарғиби сулҳу субот даъват мешаванд. Дар арафаи соли нави таҳсил бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар муассисаҳои нави таълимӣ бо шароити муосиру ҷавобгӯи талабот бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, то насли имрӯзу оянда соҳибилму донишманд гарданд ва барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.
Имсол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи накӯ Рӯзи дониш ва Дарс сулҳ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо кормандони соҳаи маориф мулоқоти самимӣ доир намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинову иншооти нав дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҷамъомад ба муносибати рӯзи дониш бо аҳли маорифи кишвар мулоқот ва суханронӣ намуданд. Дарси Сулҳ, ки ҳусни оғози соли нави таҳсил аст, дар таълимгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд ва ҳамбаста бо ифтихору ҳувияти миллӣ баргузор мегардад. Дар ин дарс ба шогирдон дар хусуси моҳияту аҳамияти сулҳ, марҳалаҳои расидани халқи тоҷик ба сулҳи комил, фидокориҳои Пешвои миллат баҳри тантанаи сулҳ ва масъулияти ҳамагонӣ дар посдории сулҳу ваҳдат ба таври муассир нақл карда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии имрӯзаро фурсати хубе барои таҳлилу баррасии вазъи соҳаи ҳаётан муҳим – маориф арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки бо шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азизи мо барои илму донишомӯзии насли наврас ва ҷавонон тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст. Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми пешрафту дастовардҳои кишвар, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ҳаёти шоиставу осоиштаи мардум, пеш аз ҳама, ба пойдории сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ вобаста мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳро сари баланду қомати болои мардум, бахту саодати ҳар як хонадон ва асоси пешрафти давлату миллат, аз ҷумла рушди соҳаи маориф арзёбӣ намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди ташаббуси навбатии Тоҷикистон доир ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»-ро идомаи мантиқии талошҳои сулҳхоҳонаи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ номиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарафманди кишвар, аз ҷумла ҷавонону наврасони ватандӯсти Тоҷикистон муроҷиат карда, таъкид намуданд, ки мо бояд бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, бо ҳисси баланди миллӣ тамоми тавону неруи худро барои ободии Ватанамон ва пешрафти давлати соҳибихтиёрамон равона созем.
Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ,
д.и.и. Бобозода К.О.