ЧОРАБИНИИ ИДОРАВӢ ДОИР БА ОМӮЗИШИ МУҲТАВОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 12/18/2025 - 10:35

Санаи 18-уми декабри соли 2025, дар Инстииути иқтисодиёт  ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони муассиса ҳамоиши идоравӣ вобаста ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардида буд, баргузор карда шуд.
Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Бобозода Комил Олимҷон оғоз ёфт. Зимни баромади худ таъкид намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими стратегӣ ва барномавии давлат ба ҳисоб рафта, фарогири натиҷагирии ҳамаҷонибаи фаъолияти кишвар дар даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дарбар мегиранд, ҳамзамон дурнамои рушди минбаъдаи Тоҷикистонро дар соҳаҳои асосии ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ муайян месозад.
Қайд гардид, ки ҳадафи асосии Паём раҳнамоии ҷомеа ба сӯйи ояндаи устувор, зиндагии шоиста ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз раванди рушди кишварро бо такя ба таҳлили воқеӣ ва пешгӯии илмӣ арзёбӣ намуда, вазифаҳо ва афзалиятҳои стратегии сиёсати давлатиро барои тамоми мақомоти давлатӣ мушаххас месозад.
Директори Институт дар идомаи баромад нуктаҳои калидии Паёмро аз нигоҳи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ мавриди таҳлили амиқ қарор дода, ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Аз ҷумла, масъалаҳои рушди устувори иқтисоди миллӣ, суръат бахшидан ба равандҳои рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ, таҳкими волоияти қонун, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, рушди сармояи инсонӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ҳамчун меҳварҳои асосии сиёсати давлатӣ таъкид гардиданд.
Сипас, сарходими илмии шуъбаи моделсозӣ ва дурнамогирии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода дар мавзўи «Паёми пешвои муаззами миллат ва рушди иқтисодиёт» оид ба дастовардҳои сиёсии кишвар соли 2025, аз қабили Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе, Қабули қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ», Қабули қатъномаи махсуси СММ «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим, Қабули қатъномаи СММ дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» оид ба дастовардҳои иқтисодӣ, аз қабили дар даҳ соли охир зиёд шудани ММД, оид ба даромадҳои пулии аҳолӣ, оид ба нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ, оид ба Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 – 2030, идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва «даврагӣ», гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирӣ кардани таъсири тағйирёбии иқлим, таъмини заминаи ҳуқуқии гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ, таҳия ва пешниҳоди «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», зиёд намудани теъдоди мутахассисони соҳаи иқтисоди рақамӣ, зиёд намудани ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи инфрасохтори пардохт, баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳангии андозсупории шаҳрвандону андозсупорандагон, оид ба роҳҳои мошингард ва дигар иншооти роҳу нақлиёти мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ бунёдгардида, омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим, дар шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз, оид ба баланд бардоштани музди маош ва ғ. баромад намуданд. 
Мудири шуъбаи таҳқӣқоти рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда, н.и.и. Махкамов Б.Б. дар суханронии худ оид ба масъалаҳои татбиқи саноатикунонии босуръати кишвар таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Аз ҷумла, ӯ қайд кард, ки тадбирҳои дар самти саноатикунонии босуръати кишвар андешидашуда имкон доданд, ки дар ҳафт соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа дуюним баробар афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 66 миллиард сомонӣ расонида шавад. Суръати рушди соҳаи саноат дар соли 2025-ум 22 фоизро ташкил дод. Ба идомаи ин раванд, Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо истифода аз тамоми иқтидору имкониятҳо рушди воқеии солонаи соҳаро дар давоми панҷ соли минбаъда бояд дар сатҳи на кам аз 25 фоиз таъмин намояд. Дар ин росто, бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои нав барои коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, хусусан маъдан, металлҳои ранга ва нодиру қиматбаҳо, маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш тадбирҳои иловагӣ андешида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот зиёд карда шавад. Ҳукумати мамлакат Барномаи нави саноатикунонии босуръати кишварро барои солҳои 2026 – 2030 ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳимро қабул ва амалӣ гардонад.
Дар ҷамъбасти ҳамоиш директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Бобозода Комил Олимҷон таъкид намуданд, ки Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ барои ҳар як шаҳрванди ватандӯст ва масъули кишвар паёме равшан аз таҷрибаи дирӯз, воқеияти имрӯз ва ояндаи дурахшону саодатовар мебошад. Зикр гардид, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ин санади муҳими сиёсиро ҳамчун дастури воло, муфид ва роҳнамо дар фаъолияти хизматии худ қабул карда, сармашқи кору зиндагии худ қарор диҳад ва дар татбиқи амалии ҳадафҳо ва вазифаҳои дар он пешбинишуда саҳми арзандаи худро гузорад.

Меню: