Ҷашни сада ва таърихи пайдоиши он

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 02/14/2022 - 16:28

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.


Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

А. Унсурӣ


Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифташуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр)-ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд.
Сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бузургдошти оташ ва ойини Меҳрпарастӣ дар миёни гузаштагони тоҷикон ва дигар халқҳои форсизабон тақрибан даҳ-дувоздаҳ ҳазор сол пеш, дар сарзамини паҳновари «Аирйанам Ваеҷаҳ» («Фарохнои Ориёно») падид омадааст. Дертар дар ҳамин замина ҷашнҳои мавсимии Шаби Ялдо ва Сада зимни мушоҳидаҳои бурҷҳои фалак, ҳаракати Офтоб ва дигар ҷирмҳои кайҳонӣ маълум гардидааст.
Аз рӯйи пиндори олимон тақрибан ёздаҳ ҳазор сол пеш дар қисмати шимолии Осиё, яъне ватани бумии қабилаҳои сершумори ориёӣ давраи яхбандиҳои тӯлонӣ ва сардиҳои даҳшатнок омада, зиндагии осудаҳолонаи онҳоро сахту душвор намудааст. Рӯдҳои паҳновари Об ва Енисей, ки дар маркази ватани нахустини онҳо қарор дошт, бар асари сардиҳо ях баста, хунукиҳои зимистон то даҳ моҳ тӯл мекашид. Чарогоҳҳои сарсабз зери барфҳои абадӣ монданд, ҷангалзорҳои анбӯҳ ва дарахтони ёбоӣ дигар ҳосил намедоданд ва мурдану талаф ёфтани чорво меафзуд. Метавон тахмин зад, ки дар замони яхбандии ёздаҳ ҳазор сол пеш рӯйдода ориёиҳо аз паҳноҳои Сибир ва доманкӯҳҳои Урал сарозер шуда, дар канораҳои баҳри Хазар ва Осиёи Миёна сокин гаштаанд.
Дар «Авесто» аз маҳали сукунати минбаъдаи қабилаҳои ориёӣ, аз ҷумла бохтариҳо, хоразмиҳо, суғдиён, сакоиҳо маълумоти нодире маҳфузанд, ки бо номи қаламрави зисташон зикр шудаанд. Ориёиҳо аз ғояти сармо ва хунукиҳои шадид маҷбур мешаванд, ки «Аирйанам Ваеҷаҳ»-и беамсолро тарк карда, дар саргаҳи «Гава, макони суғдиён», «Моуруи (Мари) тавоною ростипараст», «Баҳдӣ (Бохтар) зебо бо дирафшҳои афрошта», «Нисайа, ки байни Моуру ва Баҳдӣ воқеъ аст», «Ҳарайва» (Ҳирот) ва кишварҳои дигар то мавзеи Ҳинд, «кишвари Гургониён ва Роғ» (шимоли шарқии Мод) паҳн шуда, дар ноҳияҳои асосии Осиёи Миёна, Афғонистони кунунӣ маскан бигиранд. Дар «Меҳр Яшт» (Яшти 10) омадааст, ки сипаҳбадони мағлубнашавандаи онҳо корзорҳои беададе месохтаанд, кӯҳҳои баланди пурчарогоҳаш ба касони парастори чорпоён хизмат мекардаанд. Кӯлҳои булӯринаш ба масоҳати бузург паҳн шуда, дарёҳои васеи пуробаш сӯйи Ишкату Нарут, Ҳироту Марв, Ғави Суғд ва Хоразм равон буданд».
Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши ӯ Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд гузошт. Ҳушанг рӯзе ҳамроҳи ёронаш ба шикор рафт. Дар шикоргоҳ мори сиёҳи дарозеро дучор омад, ки ба одамон ҳамла меовард. Санги калонеро бардошта, сӯйи мор ҳаво дод ва он санг ба санги дигаре бархӯрда, шарора афканд. Ӯ аз шарора афкандани ду санг ба ҳайрат монда, онро чун шуои фурӯғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рӯз бузургдошти оташро ба ҷо овард. Ин маросим ҷашни Сада номида шуд, ки онро халқҳои ориёинажод пос дошта, дар арафаи фаро расиданаш гулханҳо меафрӯхтанд. Баъди кашфи оташ Ҳушанг нахустин касе буд, ки ба истеҳсоли филизот аз санг оғоз намуд ва онро гудохта, бар зидди аҳриманзодаҳову деву дадҳо аслиҳа сохт.
Фирдавсӣ пазироии ҷашни Садаро аз ҷониби Ҳушанг чунин менигорад:


Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ,
Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳон гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода хӯрд,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.


Агар Хуршед бо нури гармии худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузошта, баъдҳо онҳо ба ду ҷавҳари муқаддас табдил ёфтаанд, ки дар устураҳо ҷанбаи парастишӣ пайдо кардаанд ва баъдҳо аз ҷониби мӯъбадон ситоиш ва ниёиш ёфтаанд. Ба таври дигар, пас аз садсолаҳо, он намои Ҳурмузд маҳсуб ёфта, дар оини зардуштӣ ҷойгоҳи хос дошт ва бо усулҳои мухталиф парастиш мегардид. Дар баробари ин ниёгони пешини мо рӯйи худро ба сӯйи оташ намуда, дастони худро ба сӯйи Хуршед мебурданд ва барои беҳбудии рӯзгори хеш аз оташу Хуршед мадад металабиданд. Ҳадаф аз ин ниёиш расидан ба Наврӯз ва омадани соли хуб барои кишту кор буд, ки дар давраи ибтидоӣ мақом ва ҷойгоҳи хос дошт. Ҳамин боварҳо буд, ки дар замонҳои хеле дури пеш аз мелод қавмҳои гуногуни одамӣ барои рӯзгори худ маросимҳо меофариданд ва хушҳоливу зиндагии баъдиашонро бо ин ҷашну маросим пайванд менамуданд, ки ҷашни Сада яке аз онҳост.
Дар ин бора Пешвои миллат дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст: “Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст[1]”.
Ҳамин хусусиятро инсонҳои замони бостон эътироф намуда, аз гармии Хуршед баҳра мебурданд ва алоҳида онро ниёиш карда, пасон рӯшноӣ ва оташро ба он нисбат дода, ин унсурҳои табииро кашф карданд ва ба онҳо эътиқод оварда, ба парастишашон оғоз намуданд, ки баъдҳо муҷиби пайдо шудани ҷашни Сада гардидааст. Дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ доранд, ки он ба ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад. Дар доираи ташаккули ҳамин унсурҳои ба ҳам зид гузаштагони мо, аз ҷумла қавмҳои ориёӣ ду фасли сол доштанд, ки ин ҳамон муборизаи Аҳурамаздову Аҳриман ва муборизаи равшанӣ бо торикиро ба ёд меорад. Якеро тобистони (ҳама [hama]) бузург меномиданд, ки он ҳафт моҳро дар бар мегирифт ва аз оғози Фарвардин (баробари 21-ум ва гоҳе 22-юми марти тақвими мелодӣ) шурӯъ шуда, то охири моҳи Меҳр (баробари 22-октябри тақвими мелодӣ) идома меёфт. Дуюмиро зимистони (зайана [zayana]) бузург мегуфтанд, ки аз аввали моҳи Обон (баробари 23-октябри тақвими мелодӣ) сар мешуд ва то поёни моҳи Исфандро (баробари 20-марти тақвими мелодӣ) дар бар гирифта, 150 рӯз идома меёфт.
Сада дар забони авастоӣ ба маънои “баромадан ва тулуъ кардан”-ро доро будааст. Дар забонҳои эронии бостон ба гунаи «sadok» ва дар форсии миёна ба гунаи «sadag» будааст. Агар нахустин рӯзи зимистонро (пас аз Шаби ялдо) тавлиди дигаре барои Хуршед ё Меҳр бидонем, метавон онро ҳамоҳанг дар ҷашн гирифтан дар даҳумин ва чиҳиллумин рӯзи тавлиди ойини куҳан ва зиндаи эронӣ донист (дар ҳамаи остонҳои кишвар ва сарзаминҳои эронӣ дониста мешавад).
Оид ба истилоҳи «Сада» низ фикрҳои гуногун мавҷуд бошанд ҳам, онҳо ба ҳамдигар умумият дошта, қадимияти ин ҷашнро тасдиқ менамоянд. Масалан, донишманди маъруфи эронӣ Ҳошими Ризоӣ дар бораи вожаи сада менависад, ки: “Ҷашни Садаро дар байни мардуми форсизабон ба тарзи гуногун истиқбол мегирад. Яке аз усулҳои идгузаронӣ чунин аст: Дар даҳумин рӯз ё Обонрӯз аз баҳман моҳ бо афрӯхтани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ бар боми хонаи худ ё бар баландии кӯҳистон гирд оварданд, ин ҷашн оғоз мешавад. Дар ишорати таърих ин ҷашн ҳамеша ба шакле дастаҷамъӣ ва бо гирдиҳамойии ҳамаи мардумони шаҳр, маҳалла ва русто дар якҷо ва бо барпойи як оташе бузург баргузор мешудааст. Мардумон дар гирд овардани ҳезум бо якдигар мушоракат мекунанд ва ба ин тартиб ҷашни Сада ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумон аст. Аз шаби таваллуди Хуршед пас аз чил рӯз барои гарму сӯзон шудани офтоб ниёгони мо ҷашни Садаро гиромӣ медоштанд”.
Дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он ривоҷ доштааст. Ин расм дар миёни насрониҳо, ба вижа русҳо, ҳамчун ҷашни “масленница” роиҷ аст. Ҳамин тавр чилрӯзагии Хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман (30-юми январ) чун Сада ҷашн мегирифтанд ва пас аз 50 рӯз, яъне 21-уми март замони ба балоғат расидани онро ба таври густурда ҷашн мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст.
Ҷашни Садаро дар даҳумин рӯзи моҳи Баҳман (баробари 29-30-юми январ) баргузор мекарданд, ки аз зимистон сад рӯз (обон, озар, дай ва даҳ рӯзи баҳман) мегузашт. Ба ақидаи ориёиҳои қадим сармо ба авҷи баланди худ мерасид ва баъдан ҳаво тадриҷан ба самти беҳбудӣ, нармӣ ва гармӣ мерафт. Аз ин рӯ, барои он ки ба кишту кори онҳо зараре нарасад ва чорвоҳояшон аз сардӣ эмин нигаҳдорӣ гардад, оташро ҳамчун рамзи Ҳурмузд меафрӯхтанд, то дар он қувваҳои бадӣ сӯзанду нобуд гарданд. Ба гуфти бархе аз донишмандон ҳамин ки аз зимистони бузург сад рӯз мегузашт, мардум ҷашни оташ, яъне Садаро барпо менамуданд. Онҳо бовар доштанд, ки лаҳзаҳои сармои ҷонкоҳ гузаштаасту нармию гармӣ вориди рӯзгори мардум шудааст. Аз гузаштани сармои шадид, ки неруи аҳриманӣ аст, хушҳолӣ карда, аз дашту саҳро ҳезум, бутта, хошок ҷамъ оварда, хирмани бузург месохтанд. Баробари расидани торикӣ он хирмани ҳезуму хасу хошокро оташ мезаданд, ки аз ин оташ ҳама ҷо фурӯзон мегашт ва дар гирди он рақсу бозию хушҳолӣ менамуданд. Дар он рӯзгорони қадим ниёгони ориёиҳо бар он бовар буданд, ки ин гулхан ҳамчун неруи Ҳурмузд бозмондаҳои сарморо, ки марбути Аҳриман аст, нобуд месозад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолияти бадастомада иди Сада аз нав эҳё гардид ва минбаъд ҳамасола онро дар ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд.

Саидмуродзода Л.Ҳ. - мудири шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ,

узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор

Ҷалилзода Д.Р. - котиби илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, н.и.и
 

Тоҷикӣ

Меню: