ҶАЛАСАИ ШУРОИ ОЛИМОН

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 01/30/2026 - 16:04

Санаи 30-юми январи соли 2026 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид.

Рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон аз масъалаҳои зерин иборат буд.

1. Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ оид ба тарғиб ва иҷрои бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025
2. Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии шуъбаҳо ва ходимони илмии Институт барои соли 2026
3. Рафти иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ барои сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Шурои олимон аз 28.01.2022 (протоколи №1) тасдиқ карда шудааст
4. Масъалаҳои ҷорӣ

Меню: