Душанбе, Январ 15, 2024

ПАЁМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ – СУРЪАТБАХШИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 01/15/2024 - 09:37

     Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023 ироа гардид. 
     Чун ҳамеша Паёми имсола аз паёмҳои пешин ба куллӣ фарқ мекунад. Аввалан, дар он бештар ба рушди иқтисоди «сабз», рақамикунонии иқтисодиёт ва гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст, зеро ин раванд хоси кишварҳои пешрафтаи дунёст ва Тоҷикистони мо бояд дар қатори аввалинҳо бошад. Дуюм, бо дарназардошти тағйироту мураккабшавии вазъи ҷаҳон, инчунин дар такя ба натиҷаҳои иқтисодии бадастомада муҳлати расидан ба қисме аз ҳадафҳо тағйир дода шуд, ки он ислоҳоту суръатбахшии бештари рушди иқтисодиётро талаб мекунад. Сеюм, Паёми имсола ҳама самтҳои фаъолият: иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф, илм, тиб, фарҳанг, варзиш, саҳми қишрҳои алоҳида, хусусан занону ҷавонон дар пешрафти ҷомеа, таъмини сулҳу суббот, ягонагӣ, ваҳдати миллӣ, муносибати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба вазъи ҷаҳон, кишварҳои дигар ва хусусан мамлакатҳои ҳамсояро дарбар мегирад. Чорум, сармояи инсонӣ ҳамчун омили асосии рушди иқтисодиёту ҷомеа эътироф карда шуд ва қайд гардид, ки “рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад” ва панҷум, бо такя ба натиҷаҳои хуби ҷамъбасти сол музди меҳнату нафақа ва пардохтҳои дигари пулӣ новобаста аз он, ки соли гузашта зиёд карда шуда буданд ин соли низ боло бурда мешавад.

Тоҷикӣ