Панҷшанбе, Декабр 7, 2023

Афзалиятҳои рушди бахши молиявӣ дар давраи гузариш ба иқтисоди рақамӣ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 12/07/2023 - 11:11

Санаи 7-уми декабр бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир гардид. Аз соли 2011 то инҷониб дар асоси қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 7-уми декабр ҳамасола ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти молия қайд карда шуда, чун ҷамъбасти солонаи дастовардҳои молиячиён ва муассисаҳои молиявӣ мансуб меёбад. 

Семинари байналмиллалии илмию назариявӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 12/07/2023 - 15:47

Санаи 7-уми декабри соли 2023 дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия семинари байналмиллалии илмию назариявӣ баргузор гардид. 
Дар кори семинар мутахассисони варзида аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои суғуртавии ватанӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва олимони шинохтаи илми иқтисод, аз ҷумла, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода дар мавзӯи «Маърифати молиявӣ ва муаммоҳои ташаккули он» баромад намуданд.