Сешанбе, Сентябр 26, 2023

Семинари илмӣ-назарияви

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 09/26/2023 - 10:30

26 сентябри соли 2023 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ семинари илмӣ-назариявии доимоамалкунанда баргузор гардид, ки дар он ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти демографии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, н.и.и. Қодиров Шодибек дар мавзӯи «Имкониятҳои демографӣ барои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуданд.

Вохӯрии роҳбарияти Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ бо намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 09/26/2023 - 14:30

Санаи 26 сентябри соли 2023 вохӯрии роҳбарияти Институти иқтисодиёт ва демография Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати миссияи Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои камбизоатӣ ва баробарӣ -  Оберт Пимхидзай (иқтисодчии пешбар), Алишер Раҷабов (иқтисодчии калон), Чигу Ню (иқтисодчӣ), Илҳом Алиев ва Маҳваш Қаландарова (коршиносон) баргузор гардид.