Истиқлолияти давлатӣ барои мо - тоҷикон дастовард ва неъмати муқаддастарин аст ва мо онро аз ҳама арзишҳои дигар азизу муқаддам медонем.
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 05-уми сентябри соли 2025 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ тибқи амри президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 24.07.2025, №30001/23-342 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои АМИТ бахшида ба таҷлили 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин дар доираи ҳамкориҳои муштарак бо Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти унвони «Рушди сиёсати гендерӣ дар даврони истиқлолияти Тоҷикистон» мизи мудаввари муштарак баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ Бобозода К.О. оғоз ёфт, ки дар он аҳаммияти таҳқиқи арзишҳои истиқлолият дар таҳкими худшиносии миллӣ ва суботи сиёсӣ таъкид гардид. Таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шавад. Ба роҳ мондан ва татбиқи чор ҳадафи стратегӣ дар даврони истиқлолият барои кишвар имконият фароҳам овард, ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар рушд ёбад ва такони ҷиддие дар сатҳи некуаҳволии ҷомеа ба амал ояд.
Сипас, тибқи Барномаи мизи мудаввар Қурбонова Ширин – д.и.т., профессор, сарходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ дар мавзуи: «Зан ва Истиқлолият», Сангинзода Дониёр – д.и.ҳ., профессор, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ дар мавзуи: «Заминаҳои ҳукуқии ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ», Қодиров Шодибег – н.и.и., ходими пешбари илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ дар мавзуи: «Рушди соҳаи маориф дар даврони истиқлолият» ва Сафарова Нозанин – ходими калони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ дар мавзуи: «Нақш ва мақоми занон дар ҷомеаи Тоҷикистон дар даврони истиқлолият» баромад намуданд.
Дар интиҳо зикр гардид, ки маҳз бо кӯшишхои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарчамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар як фарзанди тоҷик нишоту хурсандист ва вахдату сулҳ падидор аст.