«Конститутсия маҳсули андешаи бунёдии миллии халқи Тоҷикистон мебошад, зеро маҳз бо иродаи мардуми кишвар дар вазъияти барои давлату ҷомеа ниҳоят мураккабу ҳассоси таърихӣ якдилона қабул гардида, дар побарҷойии давлат ва низоми идоракунии он нақши ҳалкунанда бозид» (Аз Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия, https://khadamotialoqa.tj/payomi-tabrikotii-prezidenti-jumhurii-tojikist...)
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 06 ноябри соли 1994 қабул шуд, заминаи муҳими ҳуқуқӣ ва сиёсии давлатдорӣ ва рушди ин кишварро ташкил медиҳад. Дар раванди таҳкими ин санади тақдирсоз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хеле калидӣ буд.
Қабули Конститутсия дар шароити мушкил ва буҳронҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ сурат гирифт. Дар ин давра Тоҷикистон дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт ва давлатдории миллӣ дар зери хатари ҷиддӣ буд. Дар чунин шароит, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъдан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвар интихоб шуданд, нақши муҳимеро дар бастани оташи ҷанг ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии таҳияи Конститутсия иҷро карданд.
Бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Конститутсияи Тоҷикистон принсипҳои асосии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ ворид карда шуданд. Ин санади олии ҳуқуқӣ на танҳо ҳамчун асоси сохтори давлатӣ, балки ҳамчун рамзи ягонагии миллӣ ва истиқлолияти давлат эътироф шуд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз қабули Конститутсия, ба масъалаи муҳимтарини кишвар — барқарор намудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ диққати махсус доданд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои сулҳ, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, санаи 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин созишнома шароити мусоидро барои татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ ва таҳкими ҳокимияти давлатӣ фароҳам овард. Таъмини сулҳ ва ваҳдат барои Тоҷикистон имконияти рушд ва таҳкими низоми давлатиро ба миён овард. Дар асоси ин сулҳ, Тоҷикистон тавонист ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро амалӣ намояд, ки ҳамаи онҳо ба принсипҳои конститутсионӣ асос ёфта буданд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати асосии ҳуқуқии кишвар дорои аҳамияти назаррас аст, ки асосҳои сохтори давлатдорӣ ва муносибатҳои байни давлат ва шаҳрвандонро муайян мекунад. Он дар асоси принсипҳои демократия, ҳокимияти халқӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва иҷтимоӣ сохта шудааст.
Бо гузашти 30 сол аз қабули Конститутсия, Тоҷикистон ба тавсеа ва таҳкими низоми ҳуқуқӣ ноил гардид. Дар ин давра, ислоҳоти зиёди конститутсионӣ ва қонунгузорӣ амалӣ шуданд, ки ба таҳкими давлати ҳуқуқбунёд, риояи ҳуқуқҳои инсон ва пешрафти ҷомеа мусоидат карданд.
Ҷашни 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як рамзи ёдбуди таърихӣ аст, балки имконияти хубест барои баҳогузории дастовардҳои давлати миллӣ ва муайян намудани самтҳои рушди ояндаи кишвар. Ин ҷашн фурсатест барои таҳкими ҳамбастагии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои ҳуқуқӣ ва бознигарии нақши Конститутсия дар рушди устувори ҷомеа. Дар тӯли 33 соли истиқлолият, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раҳбари миллат дар татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ, нақши босазо гузоштаанд
Ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишвар метавонад бо ифтихор ба роҳи тайкарда назар афканад ва дастовардҳои худро дар самти таҳкими ҳокимияти қонун, рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таҷлил кунад. Конститутсия ҳамчун санади сарнавиштсоз, пояи давлатдории муосири Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва нақши калидӣ дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва пешрафти иҷтимоиву иқтисодии кишвар дорад.
Дар оянда, ҳадафи миллат ва насли оянда ҳифзи арзишҳои Конститутсияро ва низоми ҳуқуқ, ки барои рушди минбаъдаи демократия ва фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои шаҳрвандони мусоидат менамояд, вазифаи муқаддас маҳсуб мешавад.
Ходими илмии шуъбаи рушд ва
ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунандаи
Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ
Мадаминов А.А.




Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.



