Раванди омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар Маркази илмию таҳқиқотии пажуҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат дар назди Раёсати АМИТ

Submitted by IED.TJ on Thursday, January 11, 2024 - 9:34am

Санаи 11-уми январи соли 2024 дар Маркази илмию таҳқиқотии пажуҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат дар назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Хирадмандон»-и АМИТ раванди омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли 2023 ироа гардида буд, баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода дар мавзӯи «Паёми пешвои муаззами миллат – суръатбахши рушди иқтисодиёт» баромад намуданд.