Чорабинии идона бахшида ба ҷашни байналмилалии "Наврӯз"

Submitted by IED.TJ on Monday, March 27, 2023 - 2:58pm

Рӯзи 19 марти соли 2023 ходимони илмии Институт дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар истироҳатгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон воқеъ дар дараи Ромит баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар чорабинии мазкур аз тарафи бонувони Институт бо истифода аз анъанаҳои миллӣ ва мардумӣ дастархони  идона бо номи Ҳафт сину Ҳафт шин ороста гардид. Инчунин, дар чорабинии мазкур қисмати фарҳангӣ низ гузаронида шуд.
    Ҳамзамон, дар рафти чорабинии мазкур аз ҷониби Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ба ҳар як муассисаи илмии АМИТ ба ҳайси дастовези идона, аз қабили кулчаҳои калони наврӯзӣ, шириниҳо ва кулчақандҳо тақдим карда шуд.