Семинари илмӣ-назариявӣ

Submitted by IED.TJ on Friday, April 22, 2022 - 5:18pm

22 апрели соли 2022 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ, узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло дар мавзӯи: «Марҳилаҳои асосии ташаккул ва рушди афкори иқтисодии халқи тоҷик» баромад намуданд.