ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ!

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 10/05/2022 - 10:10

Табрикоти директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ 

Устодон, ҳамкорон ва донишҷӯёни азиз! 
Боиси сарфарозӣ ва хушнудист, ки ҳамасола санаи 5-уми октябрро мардуми мо ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ бо ифтихору фараҳмандӣ аз забони расмии давлати соҳибистиқлоламон таҷлил менамояд. 
Зикр намудан ба маврид аст, ки барои ҳар як фарди ҷомеа ва худогоҳ донистани забони модарӣ, ин арҷгузорӣ ба миллат ва гузаштаи хеш аст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Забони тоҷикӣ баёнгари тамоми арзишҳои бузурги маънавии халқи мо буда, тамаддун ва фарҳанги куҳанбунёд, ки мо бо онҳо ифтихор мекунем, то ба имрӯз маҳз ба воситаи забони модариамон ҳифз гардидааст». 
Вобаста ба ин, вазифаи миллӣ ва қарзи инсонии ҳар яки мо - соҳибзабонон аст, ки ба забони модарии худ арҷ гузорем, онро чун гавҳараки чашм ва гаронбаҳотарин сарвати ҳастии хеш эҳтиёт намоем. Боварии комил дорам, ки устодон, ходимони илмӣ, докторантҳо, магистрантону унвонҷӯёни Институти мо дар пешбурд ва амалисозии сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат дар самти омӯзиш ва ҳифзи забони тоҷикӣ пешсаф мебошанд. 
Қайд намудан ба маврид аст, ки дар замони муосир зери таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ нуфузи унсурҳои манфии фарҳангҳои бегона покии забони шевои тоҷикиро халалдор месозад. Бо назардошти ин, ҳар як шаҳрванди кишвар, махсусан, наврасону ҷавонон бояд сатҳи забондонӣ ва маданияти нутқи худро пайваста баланд бардошта, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони ширини модарӣ ва риояи меъёрҳои забони адабӣ кӯшиш карда, дар ин раванд забонҳои хориҷиро низ, ба хотири пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва рушди илм аз худ намоянд. 
Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки он яке аз пояҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва нишонаи равшани ҳувияти миллии мо ба ҳисоб меравад, самимона табрик гуфта, дар корҳои илмию эҷодӣ ва таҳсили минбаъдаатон комёбиҳо таманно дорам. 
Рӯзи забони давлатӣ муборак!
 

Меню: