ВАҲДАТИ МИЛЛӢ- ОМИЛИ УСТУВОРИ ҶОМЕА

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 06/25/2025 - 09:00

Ваҳдати миллӣ арзиши муқаддаси давлатдорӣ ва асоси субот ва пешрафти Тоҷикистон мебошад. Мо бояд онро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, барои таҳкими сулҳ ва ягонагии миллӣ кӯшиш намоем. Ваҳдати миллӣ на танҳо як ҳадафи стратегӣ, балки пояи устувори рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар маҳсуб меёбад. Маҳз ваҳдати миллӣ буд, ки Тоҷикистон дар 28 соли сипаришуда ба дастовардҳои назаррас ноил гаштаааст.
Вақте сухан дар бораи ваҳдат меравад, дар фикри инсон – мафҳуми сулҳ меояд, яъне Ваҳдат сарҷамъӣ, муттаҳидӣ ва сулҳ мебошад. Зеро агар, сарҷамъӣ дар кишвар, дар ҷомеа ва дар оила (хонавода) бошад, он гоҳ ягонагӣ омили он ҳисобида мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳдати миллӣ ба осонӣ ба даст оварда нашудааст. 27-уми июни соли 1997 — пас аз 8 давраи гуфушунид (дар солҳои 1994 то 1997) миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мухолифин «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба  имзо расид. 
Ҳамин тавр, хизмати таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки маҳз ӯ ихтиёри давлатдориро ба даст гирифта, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, артиши миллӣ ва неруҳои посбонии сарҳадро таъсис дод. Барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ кард, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт. Ҷиҳати 27-уми июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро фароҳам сохт, сулҳи тоҷиконро ба даст овард, ки барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир аст. Заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохт, ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшид, аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар карда, хатари гуруснагиро аз байн бурд, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуд. 
Масъалаҳои устувор будани ҷомеаро олимҳо, нависандагон, сиёсатмадорон ба таври худ тафсир мекунанд. Мисол, дар кишварҳои ғарбӣ бо тафсир чунин аст: устувории ҷомеа ин ҳолатест, ки дар он ҷомеа бидуни халалдоршавии ҷиддӣ, низоъ ё нооромиҳо самаранок амал мекунанд. Он бо ҳамкории ҳамоҳангии байни сохторҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, сатҳи баланди эътимоди аҳолӣ ба ҳокимият ва институтҳо хос аст.
Сарчашмаи устувор будани ҷомеа аз оила оѓози худро меёбад, оила мустаҳкам бошад, муносибатҳо байни аъзоёни хонавода, муносибатҳо байни хонаводаҳо ва ҷомеа бояд хуб бошад. 
Новобаста аз оне, ки аҳолӣ хурд ё бузург аст, нақши он дар ваҳдати миллӣ муҳим мебошад. Аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои муосир ҷавон ҳисобида мешавад ва даҳ соли охир суръати афзоиши аҳолӣ – 2,14% ва соли 2025 аҳолии кишварамон ба 10,5 миллион расид, афзоиши табиии аҳолӣ даҳ соли охир – 196490,4 нафарро ташкил дод ва сол ба сол аҳолии кишвар зиёд мешавад. 
Мисол, агар миқдори хонаводаҳо соли 2010 – 1,2 миллионро ташкил дода бошад, пас соли 2020 миқдори он ба -1,6 миллион, яъне -25% афзуд. Айни ҳол, ҳиссаи аҳолӣ аз ҳисоби ҷавонон (аз 14-30 сола) – 28,9 %-ро ташкил медиҳадва дар оянда кишварамон боз ба як масъалаи иҷтимоии муосир рӯ ба рӯ мешавад, ба мисли давлатҳои тараққикарда, ин пиршавии аҳолӣ мебошад, ки ҳиссаи он – 6,5%-ро дар соли 2024 ташкил додааст. 
Аз рӯи таҳлили тавсифӣ маълум мегардад, ки дар оянда масъалаҳои иҷтимоию-иқтисодӣ бо мақсади нигоҳдории ваҳдати миллӣ устуворона бояд рушд карда шавад. 
Бо мақсади нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ урфу одати миллӣ нақши муҳим дорад. Таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ нишод медиҳад, ки баъзе миллатҳо бо дасти худ урфу одатҳои миллии худро ба нестӣ мебаранд. Нестшавиро дар рафтори ѓайриоддии иҷтимоии ин ҷомеа ба мисли издивоҷи якҷинса, феминизм, хоҳиш надоштани оиладоршавӣ, куллан иваз шудани вазифаҳои шавҳар ва зан дар нигоҳ доштани устувории оила ва ѓайра дидан мумкин аст.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаҳои муосир терроризм ва экстремизм мебошанд, ки омили аз байн бурдани ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад. Шукргузорем, ки дар кишвармон барои бартараф кардани ҳодисаҳои иҷтимоӣ аз тарафи мақомоти дахлдор чораҳои гуногун андешида мешаванд. Бо ин мақсад, мо сарчашмаи пайдошавии терроризм ва экстремизмро пайдо намуда, ҷавонони кишварро бо принсипҳои ватандӯстӣ, меҳнатпарастӣ, дӯст доштани меҳнат ва ба такя урфу одати миллӣ тарбият намоем.
 Вақте ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои гуногун муносибатҳои худро дар самти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рушд дода истодаст. ин гуна муносибатҳои иқтисодӣ барои тақвият бахшидан ба муҳоҷирати меҳнатии бурунмарзӣ хизмат менамояд. Сол то сол самти муҳоҷирати меҳнатӣ гуногун шуда истодаст ва бояд қайд кард, ки дар шароити иқтисодиёти бозорӣ садди роҳи муҳоҷирати меҳнатӣ натавон шуд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст (моддаи 24 - шаҳрванд ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он ҳуқуқ дорад), ки ҳар кас метавонад бо хоҳиши худ ба давлати дигар равад. Иштироки мардҳо ва занҳо дар ҷараёни муҳоҷирати бурунмарзӣ имкон медиҳад, ки фикру ақидаи он нисбат ба Ватан, оила ва ҷомеа иваз шавад ва ин масъалаҳо ҳамеша бояд аз ҷониби олимон, мутахассисон ва мақомоти дахлдор бо мақсади нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ таҳқиқ шаванд. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад ва барои расидан ба ҳуввияти миллӣ саъю талош ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят назаррас аст ва мо, аҳолии кишвар қадру қиммат ва заҳматҳои шабонарӯзии роҳбари кишварро қадрдонӣ намуда, нигоҳдорӣ намоем. 

Субҳонов А.И., н.и.и., мудири шуъбаи таҳқиқоти демографияи

Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ 
 

Меню: