Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳими давлатӣ ва ифтихори ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар мебошад. Парчам баёнгари истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ ва асолати таърихиву фарҳангии миллатамон аст. Мо бояд нисбат ба Парчами миллӣ эҳтироми хоса дошта бошем, онро муқаддас донем ва дар зери Парчам ба Ватан содиқона хизмат кунем.
Эмомалӣ Раҳмон
Тоҷикон яке аз қавмҳои бостонии ориёнажод мебошанд, ки таърихи онҳо реша дар умқи ҳазорсолаҳо дошта, нақши муассир дар ташаккул ва рушди тамаддуни башарӣ бозидаанд. Ҳамҷун миллати созанда, хирадманд ва фарҳангдӯст, тоҷикон дар тӯли таърих борҳо алами ҳимояи фарҳанг, истиқлолият ва арзишҳои инсонӣ бардоштаанд ва ҳаққи аламбардории азалиро сазовор гаштаанд. Таърих гувоҳ аст, ки миллати бофарҳангу бономуси тоҷик аз азал барои ҳифзи фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ аламбардор буд, ҳаст ва мемонад. Аз даврони Куруши Кабир то замони Исмоили Сомонӣ ва имрӯз, даврони Истиқлолият ҳама шаҳодат аз он аст, ки тоҷикон ҳамеша барои дифои забон, фарҳанг, ҳувият ва озодии хеш мубориза бурдаанд. Забони тоҷикӣ, ки имрӯз бо ифтихор истифода мешавад, форсӣ-тоҷикӣ бо вуҷуди асрҳои фишор зинда монд, ин худ як намунаи аламбардории фарҳангист.
Парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва озодихоҳии миллат таърихи бисёр қадима дорад. Миллати тоҷик низ дар тӯли таърих низ соҳиби парчаму рамзҳои муқаддас буд, ки яке аз намоёнтарини онҳо алами Коваи оҳангар аст.
Тибқи ривоятҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсии Тӯсӣ Кова як оҳангар буд, ки писаронашро подшоҳи золим-Заҳҳоки мордӯш ба ҳалокат мерасонд. Вақте фарзанди дигарашро ҳам хостанд қурбон кунанд, Кова муқовимат нишон дод. Ӯ бо хашму адолат барафрӯхта шуд, машъал бар зидди ситам боло кард ва бо пешбарии парчаме, ки аз пешбанди чарминаш сохт, мардумро ба шӯриш даъват намуд. Аз таърихи гузаштагонамон чӣ тавре ки огоҳ ҳастем, Коваи оҳангар барои тоҷикон ва тамоми мардуми форсизабонон рамзи мубориза барои ҳақ, озодӣ ва адолат мебошад. Алами Коваи оҳангар то имрӯз ҳам дар фарҳанги миллӣ ва забони рамзии тоҷикон боқӣ монда, моро ба ваҳдат, шуҷоат ва муқовимат даъват мекунад. Воқеан, алами Кова-алами адолат ва озодии абадист. Алами Коваро дар таърих Дирафши Ковиён низ мегуфтанд, ки баъдтар ба рамзи мубориза барои адолат ва истиқлол мубаддал гашт. Бо роҳбарии Коваи оҳангару адолатпеша мардум бар зидди Заҳҳок мубориза бурд ва дар ниҳоят ӯро шикаст дода, Фаридунро ба тахти шоҳӣ нишонд. Исми Фаридун яке аз подшоҳони адолатпарвар дар таърихи ориёӣ сабт шудааст. Аламбардории Кова нишонаи қудрати мардум ва иттиҳод алайҳи зулм аст. Он нишон медиҳад, ки ҳатто шахси оддӣ агар ирода ва шуҷоат дошта бошад, метавонад табарро ба алам табдил дода, ҷараёни таърихро дигар кунад.
Аламбардории тоҷикон танҳо рамзи мубориза нест, он нишонаи ҳувияти миллӣ, ифтихори таърихӣ ва иродаи устувори як миллат аст. Тоҷикон натанҳо гузаштаи пурифтихор доранд, балки имрӯз ва ояндаро низ бо алами ваҳдат, фарҳанг ва тараққиёт равшан месозад.
Имрӯз Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасоти миллӣ, рамзи иттиҳод, истиқлол, ифтихор ва фарҳанги деринаи тоҷикон мебошад. Эҳтиром ба он эҳтиром ба миллат, таърих ва арзишҳои давлатдории миллист.
Алами Кова ва Парчами давлатии Толҷикистон ҳар ду рамзи давлат, ифтихор ва озодихоҳии миллати тоҷик мебошанд. Яке реша дар фарҳанги қадим ва шӯриши халқӣ дорад, дигаре ифодагари давлати соҳибистиқлоли муосир аст. Эҳтиром ба ҳар ду, яъне эҳтиром ба таъриху ҳувияти миллӣ мебошад.
Ходими калони илмии шуъбаи
таҳқиқоти институтсионалии
Институти иқтисодиёт ва
демографияи АМИТ
Гулчеҳраи Ёдгор




Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.








