РӮЙХАТИ ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ ба шӯрои диссертатсионӣ пешниҳод мешаванд

1. Аризаи довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ бо зикри номи диссертатсия, ихтисос ва соҳаи илме, ки аз рӯйи он пешниҳод карда мешавад.
2. Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо акс, ки дар ҷойи кор тасдиқ карда шудааст (2 нусха).
3. Нусхаҳои тасдиқшудаи дипломи таҳсилоти олӣ ва хатми магистратура.
4. Асли шаҳодатномаҳо дар бораи супорида шудани имтиҳонҳои (минимуми номзадӣ) докторантураи фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос ва санҷишҳо.
5. Диссертатсия (6 нусха).
6. Маълумотномаҳо ва (ё) санадҳои татбиқ, дигар ҳуҷҷатҳое, ки оид ба истифодаи амалии натиҷаҳои диссертатсия, (агар мавҷуд бошад), шаҳодат медиҳанд.
7. Дастнависи автореферат.
8.Хулосаи муассиса (муассисаҳо) аз рӯйи натиҷаҳои экспертизаи пешакӣ (2 нусха).
9. Тақризи роҳбари илмӣ ё мушовири илмӣ.
10. Нусхаҳои аслӣ (нусхаҳо) ё ксерокопияи таълифоти дар автореферат овардашуда, ки дар онҳо натиҷаҳои асосии таҳқиқоти диссертатсионӣ нашр гардидаанд, инчунин, барномаҳои анҷуманҳои илмӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, ки дар онҳо иштироки довталаби дараҷаи илмӣ тасдиқ шудааст.
11. Ду лифофаи почта бо маркаҳо: яке бо суроғаи довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ, дигаре бо суроғаи шӯрои диссертатсионие, ки дар он диссертатсия ҳимоя шудааст. Дар тарафи муқобили лифофаи дорои суроғаи шӯро, дар тарафи чапи кунҷи боло насаб, ном, номи падари довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ ва дараҷаи илмии дарёфтшаванда навишта мешавад.
12. Нусхаи ксерокопияи саҳифаҳои шиноснома, ки дорои маълумоти анкетавӣ доир ба довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ мебошад, (барои шаҳрванди хориҷӣ тарҷумаи аз тарафи нотариус тасдиқшуда ба забони давлатӣ) (2 нусха).

 

Тоҷикӣ