Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳими давлатдории ҳар як миллат ба шумор меравад. Он натанҳо рамзи истиқлолияти сиёсӣ ва соҳибихитиёрии кишвар аст, балки нишонаи ифтихор, ваҳдат ва худшиносии миллӣ мебошад. Дар таърихи тоҷикон Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ ҷойгоҳи хоса дорад, зеро он натиҷаи талошҳои ҳазорсолаи мардум барои давлатдорӣ ва озодии миллӣ мебошад.
Таърихи қабули Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24-ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, қабул карда шуд. Ин сана баъдан ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардид ва ҳамасола рузи 24-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад. Қабули Парчами миллӣ дар давраи душвору сарнавиштсоз амалӣ гардида, оғози марҳалаи нави давлатдории миллии тоҷиконро ифода намуд.
Таърихи парчамдории тоҷикон решаҳои амиқи таърихӣ дорад. Аз замони давлатҳои қадим – Сомониён, Сосониён, Бохтариён ва дигар давраҳо Парчам рамзи давлатдорӣ ва шукӯҳи миллат будааст. Парчами Сомониён, ки бо ранги зарди тиллоӣ ва нишонаи офтобро ифода мекард, дар он замон рамзи давлатдории тоҷикон буд. Маҳз дар давраи Сомониён пояҳои худшиносии миллӣ забон, фарњанг ва рамзҳои миллӣ таҳким ёфтанд.
Дар тӯли асрҳо, вақте ки миллати тоҷик таҳти ҳукмронии қудратҳои бегона қарор дошт, орзуи Парчами миллӣ дар дили мардум зинда монд. Дар шеъру достонҳо, дар суруду афсонаҳо, тоҷикон ҳамеша аз ватан ва озодӣ ёд мекарданд.
Парчами давлатии Тоҷикистон аз се ранг- сурх, сафед ва сабз таркиб ёфтааст, ки ҳар яке маънои рамзӣ ва фалсавии хос дорад.
Ранги сурх-рамзи шуҷоату ҷасорат, мубориза барои истиқлол ва қаҳрамониҳои гузаштагони мо мебошад. Ин ранг ҳамчунин рамзи неруи ҳаёт ва ягонагии миллат аст.
Ранги сафед – нишонаи покӣ, адолат, сулҳ ва рӯшноӣ мебошад. Он рамзи кӯҳҳои барфпӯши Тоҷикистон ва нияти софу беолоиши мардуми кишвар аст.
Ранги сабз- рамзи табиати зебо, сарзамини ҳосилхез ва ҳаёти ором аст. Ин ранг ҳамчунин рушду тараққиёт ва эҳёи кишоварзӣ маҳсуб мебошад.
Дар қисми миёнаи парчам тоҷ ва ҳафт ситора ҷойгир аст. Тоҷ рамзи давлатдорӣ ва соҳибихтиёрии тоҷикон мебошад. Ҳафт ситора бошад, ба рамзи хушбахтӣ, камол ва саодати миллат ишора мекунад. Дар фарҳанги тоҷик рақами ҳафт маънии муқаддас дорад – ҳафт қабати осмон, ҳафт иқлим, инчунин, ҳафт минтақаи таърихию фарҳангии Тоҷикистон мебошад: Суғд, Хатлон, Бадахшон, Рашт, Ҳисор.
Парчами давлатӣ имрӯз рамзи ягонагии тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон аст, новобаста аз миллат, забон ва мазҳаб. Дар зери ин Парчам миллати тоҷик роҳи ваҳдату сулҳро интихоб намуда, ба сӯи рушду пешрафт қадам мегузорад. Парчам дар қалби ҳар як шаҳрванд эҳсоси ватандӯстӣ ва масъулиятро бедор мекунад.
Имрӯз Парчами давлатӣ дар тамоми муассисаҳои давлатӣ, таълимӣ ва иҷтимоӣ ва муассисаҳои байналмилалӣ парафшон аст. Ҷавонон таҳти ин парчам ба қасами садоқат ба Ватан савганд ёд мекунанд.
Дар солҳои истиқлолият ҳазорҳо ҷавонони шуҷоъ барои ҳимояи марзу буми Ватан ва посдории Парчами давлатӣ ҷони худро фидо кардаанд. Парчам дар саҳрои ҷанг ва дар қуллаҳои баланд ҳамеша рамзи далерӣ ва нангу номуси миллист.
Ҳамчунин дар замони осоишта низ шаҳрвандони кишвар бо меҳнати ҳалол ва саҳми худ дар илму фарҳанг, иқтисод ва варзиш парчами Ватанро дар арсаи байналмилалӣ баланд нигоҳ медоранд. Вақте варзишгарони тоҷик дар майдонхои ҷаҳонӣ пирӯз мешаванд ва Парчами Тоҷикистон парафшон мегардад, эҳсоси ифтихор ва ваҳдати миллӣ боз ҳам қавитар мегардад.
Парчами миллӣ на танҳо як матои ранга, балки рамзи муқаддаси ҳастии миллат, ваҳдат ва худшиносии миллӣ мебошад. Ҳифз ва эҳтироми он вазифаи ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст. Бо ифтихор метавон гуфт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи озодӣ, ифтихор ва сарбаландии тамоми мардуми кишвар мебошад. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба ин рамзи муқаддас бо эҳтиром ва садоқат муносибат намояд, зеро зери сояи он Тоҷикистон рушд мекунад ва ба ояндаи дурахшон қадам мегузорад.
Холова Шарофат
ходими илмии шуъбаи
таҳқиқоти муқоисавии иқтисодии
Институти иқтисодиёт ва демографияи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон




Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.








