Истиқлолият доштан муҳимтарин сифати сиёсию ҳуқуқии давлатдорӣ буда, озодона қарор қабул намуданро дар умури сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ ифода менамояд. Волояти истисноии ҳокимияти давлатӣ дар ҳама соҳаҳо, масъулияти олӣ доштан дар қабули қарорҳои сиёсию иқтисодӣ ва эътироф шудан ба сифати субъекти асосии ҳуқуқи байналхалқӣ ин унсурҳои асосии истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Маҳз мавҷудияти ҳамин унсурҳои истиқлолияти давлатӣ имкон медиҳанд, ки давлати мустақил сиёсати иқтисодии худро муайян ва амалӣ намуда, истеҳсолоти миллӣ, қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои иқтисодии берунаро таҳким бахшаду дар бозори ҷаҳонӣ манфиатҳои миллии истеҳсолкунандагони ватаниро ҳимоя намояд.
Истиқлолияти иқтисодӣ ҷузъи ҷудонашавандаи мафҳуми истиқлолияти давлатӣ буда, онро пурра ва мукаммал менамояд. Истиқлолияти иқтисодӣ доштан ин маънои онро дорад, ки давлат ва ҳукумати сиёсӣ бидуни фишор ва дахолати беруна қарорҳои иқтисодӣ қабул намуда, идоракунии пурраи захираҳои иқтисодии худро дар ихтиёр доранду мустақилона бозорҳои дохилиро танзим намуда, низоми молиявию қарзиро ташаккул медиҳанд ва идоракунии захираҳои табииро самаранок ба роҳ мемонанд. Аз ҳамин ҷиҳат, истиқлолияти иқтисодӣ омил ва шарти муҳими таъмини рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад.
Бояд як нуқтаи муҳимро ҳамеша ба назар гирифт, ки дар ҷаҳони муосир истиқлолияти комили иқтисодӣ ба даст овардан кори саҳлу осон нест. Дилхоҳ давлат метавонад зери таъсиру фишори манфиатҳои дигар кишварҳо қарор гирад. Ба назар гирифтани манфиатҳои ҳама кишварҳои ҳамсоя ва ташкилоту иттиҳодияҳои байналхалқӣ ғайриимкон аст. Аз ҳамин ҷиҳат, мафҳуми истиқлолияти иқтисодӣ як фаҳмиши нисбӣ ба назар мерасад. Дилхох кишвари аз лиҳози сиёсӣ истиқлолиятбадастоварда дар зери таъсири қонуни тақсимоти ҷамъиятии меҳнату сармоя ва меъёру уҳдадориҳои байналхалқие, ки дар муносибатҳои байнидавлатӣ истифода мешаванд, қарор дорад ва ин падида мустақилияти қабули қарорҳои иқтисодиро то як андозае маҳдуд ҳам менамояд. Ин як қонуни объективии рушди муносибатҳои байналхалқии иқтисодӣ буда, ҳаргиз маънои онро надорад, ки барои ба даст овардани истиқлолияти пурраи иқтисодӣ бояд талош карда нашавад. Аксарияти кишварҳои мустақил ба хотири таъмини амният ва рушди худ кӯшиш менамоянд истиқлолияти иқтисодии бештарро барои худ таъмин намоянд ва онро вазифаи асосии давлатдории худ низ меҳисобанд.
Дар адабиёти иқтисодӣ мафҳуми «истиқлолияти воқеии иқтисодӣ» ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи мафҳуми истиқлолияти давлатӣ истифода мешавад, ки он масъалаҳоеро дар бар мегирад, ки аз идоракунии захираҳо ва ташаккули сиёсати мустақили иқтисодӣ фарохтар мебошанд. Собиқ котиби Шӯрои амниятии Россия, Директори Институти масъалаҳои амнияти байналхалқии Академияи илмҳои Россия А. А. Кокошкин дар яке аз тадқиқотҳои худ, ки бо номи «Истиқлолияти воқеӣ дар системаи сиёсии ҷаҳонии муосир» машҳур мебошад, қайд менамояд, ки «истиқлолияти воқеӣ» ин тавони дар амал (на балки дар шакли декларативӣ) мустақилона пеш бурдани сиёсати дохилӣ, хориҷӣ ва мудофиавӣ мебошад. Ӯ ҳамчунин доштани як низоми назорати миллиро болои инфрасохтори нақлиётӣ (шабакаҳои аэродром, қубурҳои нафту газ, шабакаи роҳи оҳан, шоҳроҳҳо), соҳаҳои гуногуни саноати шаҳрвандию ҳарбӣ ва соҳаҳои алоқа муҳимтарин ҷузъи мафҳуми «истиқлолияти воқеӣ» арзёбӣ намудааст.
Истифодаи мафҳуми «истиқлолияти иқтисодӣ» дар маънои классикӣ ё анъанавӣ ҳамчун қабули мустақили қарорҳои иқтисодӣ ва идоракунии пурраи захираҳои иқтисодӣ барои замони муосир чандон мувофиқ ва мақбул нест, зеро ки дар муносибатҳои иқтисодӣ ва муносибатҳои байнидавлатӣ падида ва равияҳое ҷой доранд, ки фарохтар аз унсурҳои дар боло нишондодашуда мебошанд. Масалан, таъмини тамоми талаботи аҳолӣ бо молҳои истеҳсоли ватанӣ. Мусаллам аст, ки талаботи аҳолӣ рӯз ба рӯз ба шаклҳои гуногуни молу хизматҳо ва технологияҳои ҷадид меафзояд ва шояд ягон кишвар натавонад тамоми талаботи аҳолиашро аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ таъмин намояд. Аз ҳамин ҷиҳат, кӯшиши давлатҳо барои тавассути имкониятҳои воридотӣ таъмин намудани талаботи аҳолӣ ва субъектҳои иқтисодӣ маънои маҳдуд будан ё мавҷуд набудани истиқлолияти иқтисодиро надорад. Барои мисол, агар ягон кишвар беш аз 70 фоизи талаботи худро ба автомолибҳо аз ҳисоби воридоти онҳо таъмин намояд, пас ин падида ё раванд ҳаргиз ҷой доштани маҳдудиятро дар истиқлолияти иқтисодӣ ифода намекунад, балки нишон медиҳад, ки ин кишвар бинобар доштани истиқлолияти иқтисодӣ имкониятҳои фаровони таъмини талаботро аз ҳисоби истеҳсолоти байналхалқӣ дорад. Гузашта аз ин барои аз ҳисоби воридот таъмин намудани талаботи дохилӣ бо автомобилҳо як қатор сохторҳои маъмурию иқтисодӣ аз қабили бонкҳо, хадамоти гумрук, мақомоти стандартизатсия, хадамотҳои хизматрасонӣ, инфраструктураи нақлиётӣ ва ғайра лозим мебошанд ва ба ин кор ҷалб мешаванд. Мавҷудият ва рушди онҳо маънои мустақилияти иқтисодӣ доштанро ифода менамояд.
Таъсири истиқлолияти давлатӣ ба рушди иқтисодӣ миллӣ аз он вобаста аст, ки ҳар як кишвар унсурҳои асосии онро чӣ гуна истифода мебарад. Аз хамин ҷиҳат ин гуна таъсир метавонад ё мусбӣ ё манфӣ бошад. Ба ҷанбаҳои мусбии таъсири истиқлолияти давлатӣ ба рушди иқтисоди миллӣ инҳо дохил мешаванд: мустақилона ташаккул додани сиёсати иқтисодӣ (сиёсати фискалӣ, иҷтимоӣ, монетарӣ ва ғайра); танзими мустақилонаи муносибатҳои берунӣ иқтисодӣ, хосатан муносибатҳое, ки ба рушди савдои байналхалқӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ва воридшавии технологияи муосир мусоидат менамояд; ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва истеҳсолкунандагони ватанӣ. Маҳз тавассути ҳамин унсурҳо истиқлолияти иқтисодӣ ба рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва қувваҳои истеҳсолкунанда таъсири мусбӣ расонида имкониятҳои рушдро барои ҳар як иштирокчии муносибатҳои иқтисодӣ фароҳам меоварад. Рушди соҳаҳои ҳақиқии иқтисодиёт (саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, алоқа, энергетика) ва иқтисоди миллӣ дар маҷмӯъ аз сиёсати иқтисодӣ, ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ дар бозори байналхалқӣ ва рушди муносибатҳои берӯнӣ-иқтисодӣ вобастагии беандоза дорад.
Агар унсурҳои асосии истиқлолияти давлатӣ нодуруст истифода шаванд, пас ба рушди иқтисоди миллӣ метавонанд таъсири бевоситаи манфӣ расонанд. Масалан, ҳавасмандии зиёд доштан ба сиёсати ҷудоиандозӣ ва протексионализм (сиёсати зиёд намудани монеаҳо барои воридоту содирот) метавонад рақобатпазириро киҳиш дода, хароҷоти истеҳсолиро зиёд намояд ва истеҳсолкунандагони ватаниро дилсард созаду имкониятҳояшонро маҳдуд намояд. Ин гуна ҳолат фаъолияти иқтисодии субъектҳои иқтисодиро заифу коста мегардонад ва боиси як буҳрони камистеҳсолкунӣ дар дохили кишвар гашта метавонад.
Дигар таъсири манфӣ аз истифодаи нодурусти унсурҳои истиқлолияти давлатӣ ин метавонад истифодаи бесамари захираҳои иқтисодӣ бошад. Хосатан вақте, ки ҳангоми тақсимот ва истифодаи захираҳои иқтисодӣ аз усулҳои ғайрисамаранок ва ғаразнок истифода мешавад, имконият барои рушд кардани иқтисоди миллӣ хусусан бахши давлатии иқтисодиёт хело маҳдуд мегардад ва ин ҳолат номувозинатиро дар бозори сармоя ва молу хизматҳо ба вуҷуд меоварад. Натиҷаи чунин равандҳо афзоиши касри буҷа, норасоии захираҳо, афзоиши нархи захираҳои иқтисодӣ ва дигар вазъиятҳои ногувор дар иқтисодиёт буда метавонад.
Агар ба раванди ба даст овардан ва такмил додани истиқлолияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем, пас баръало мебинем, ки дар таъмини истиқлолият на танҳо қабули мустақилонаи қарорҳои иқтисодӣ, балки дигар равандҳои муҳим нақши бештар доранд. Масалан, дар арсаи байналхалқӣ эътироф шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кишвари демократӣ, мустақил ва ҳуқуқбунёд роҳи васеъро барои рушди муносибатҳои байналхалқӣ-иқтисодӣ кушод ва пайвастшавии кишвари моро ба ҷараёнҳои муҳими глобалии иқтисодӣ осон намуд. Аъзои як қатор созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва фароминтақавӣ будани кишвари мо аз қабили СММ, САҲА, Созмони конфронси исломӣ, Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва ғайра роҳи фарохро барои рушди содироту воридоти молу хизматҳо ва технологияи муосир кушода, имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистонро афзун намуданд. Муҳимтарин дастовардҳои истиқлолияти миллии мо ин ташакул додани низомҳои муҳими иқтисодӣ аз қабили низоми андоз, пули миллӣ, низоми бонкӣ, низоми ҳифзи иҷтимоӣ, низоми маорифу тандурустӣ ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, алоқаю нақлиёт, энергетика ва мошинсозию маъданкоркунӣ мебошад. Рушди минбаъдаи онҳо на танҳо иқтидори иқтисодии кишварро афзун менамояд, балки истиқлолияти иқтисодии онро таҳким мебахшад.
Бо назардошти таҳлилҳои дар боло овардашуда метавон гуфт, ки мавҷуд будани маҷмӯи шарту имкониятҳои зерин ифодагари асосии ҷой доштани истиқлолияти воқеии иқтисодӣ барои ҳар гуна кишвар буда метавонанд;
• мавҷуд будани соҳаҳои муҳими истеҳсолоти дохилӣ аз қабили саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, алоқа, маорифи миллӣ, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайра, ки то андозае талаботи дохилиро бо молу хизматҳо таъмин намоянд;
• ҳуқуқ доштани давлат ва ҳукумат барои танзиму назорати муносибатҳои байналхалқии иқтисодӣ, аз ҷумла танзими содироту воридот, ҷалби сармояи хориҷӣ, танзими фаъолияти ширкатҳои фаромиллӣ;
• иштирок дар савдои берунии хориҷӣ ва дигар шаклҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ, новобаста аз мавҷудияти низоми сиёсӣ;
• иштирок дар ҳамагуна иттиҳодияҳои иқтисодии байналхалқӣ ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ;
• мустақилона муайян намудани ҳадафҳои старатегии рушди иқтисоди миллӣ.
Хулоса мафҳуми «истиқлолияти иқтисодӣ» як ифодаи оддӣ ва шахшуда нест, ки аз нуқтаи назари таҳлилгарӣ дуртар партофта шавад, балки як мафҳуми мураккаб, баҳснок ва диалектикие мебошад, ки омӯзиши он ба дарки воқеии як қатор қонунҳои иқтисодӣ мусоидат менамояд. Аз ҳамин ҷиҳат, дар назарияи иқтисодӣ омӯзиши мафҳуми «истиқлолияти иқтисодӣ» ҳамчун падидаи институтсионалӣ, омили рушди иқтисоди миллӣ ва пояи тахмини давлатдории миллӣ аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Ходими пешбари илмии Институти
иқтисодиёт ва демографияи Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон, н.и.и., дотсент
Қодиров Шодибег