Хабарҳо

Эмомалӣ Раҳмон – барпокунандаи давлати навини соҳибистиқлол ва пайвандгари мардуми шарифи Тоҷикистон

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 11/15/2024 - 13:29

 Ба истиқболи 16-ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16-ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст. 15-апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонуни мазкур рӯзи президентро ворид гардонданд, ки дар асоси он ҳар сол дар кишвари азизу маҳбуби халқи тоҷик таҷлили он ҷашни муҳим ва бузургдошт ба роҳ монда шудааст.

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ - ЗАМИНАИ РУШДИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОН»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 11/14/2024 - 10:20

    Санаи 14 ноябри соли 2024 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Иҷлосияи тақдирсоз - заминаи рушди босуботи Тоҷикистон» бо иштироки ходимони илмии муассиса семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар кори он ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохторӣ, н.и.и. Бобозода К.О. дар мавзӯи «Нақши Иҷлосияи тақдирсоз дар таърихи навини давлатдории тоҷикон» баромад намуданд.

МИЗИ МУДДАВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН таҳти унвони “ОЛИМОНИ ҶАВОН – ПАЙРАВОНИ АСИЛИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 11/13/2024 - 10:30

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Шурои олимони ҷавони АМИТ бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳнамоии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобасати АМИТ, профессор ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ санаи 13.11.2024 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи муддавар таҳти унвони “Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди савдои хориҷии кишвар” баргузор гардид. 

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - МЕЪМОРИ СУЛҲ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 11/12/2024 - 13:43

    Бахти нек ва толеи баланди мардуми Тоҷикистон будааст, ки онҳо мисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин як Роҳбар ва Пешвои раҳнамои худро доранд, ки ин ҷавонмарди асилзодаву ғаюр ва нотарсу далер аз байни халқи заҳматкаш баромадаву бурду бохт ва бо талошу муборизаҳояш оқибат боиси якчанд дастовардҳои беназир соҳиб гардид ва ба як давлати мутаррақӣ табдил ёфтааст. 

СЕМИНАРИ НАЗАРИЯВӢ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 11/05/2024 - 16:38

    Санаи 5 ноябри соли 2024 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  семинари назариявӣ дар мавзӯи "Конститутсия ва иқтисодиёт: алоқамандии диалектикӣ” баргузор гардид, ки дар он узви вобастаи АМИТ  д.и.и., профессор Саидмуродзода Л.Ҳ. баромад карда, доир ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарҳрезию татбиқи  самтҳои стратегии рушди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии  мамлакат маъруза намудаанд. 

Обуна ба Хабарҳо