ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 12/23/2022 - 16:14

23 декабри соли 2022 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Институт, д.и.и., профессор Шариф Раҳимзода ва иштироки мудирони шуъбаҳо ва ходимони илмии ИИваД АМИТ тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баргузор гардид.

Тоҷикӣ

Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Комплекси нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди он»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 11/30/2022 - 15:58

Санаи 30 ноябри соли 2022 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар асоси қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 25 майи соли 2022 №74 «Дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар АМИТ барои соли 2022» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Комплекси нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди он» баргузор гардид.

Тоҷикӣ

Ҳисоботи лоиҳаҳои илмӣ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 11/29/2022 - 15:52

Санаи 29-уми ноябри соли 2022 дар толори бинои Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон арзёбии рафти иҷрои лоиҳаҳои илмӣ ва илмию техникии Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ барои солҳои 2020-2022 баргузор гардид. Дар баррасии лоиҳаҳо директори Институт, муовини директор, котиби илмӣ, роҳбарони илмии лоиҳаҳо ва ходимони илмии шуъбаҳои Институт, ҳамзамон, аъзоёни Комиссияи баҳодиҳии рафти иҷрои лоиҳаҳои илмӣ-техникии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Тоҷикӣ

Муаррифии китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 11/28/2022 - 13:40

Санаи 28 ноябри соли 2022 бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии фаъолияти сиёсиву давлатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррифии китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик» баргузор гардид., ки дар кори он директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., профессор Ш.Раҳимзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Тоҷикӣ

Парчамат парафшон бод, Тоҷикистони азиз!

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 11/24/2022 - 11:53

Имрӯз мо дар арафаи таҷлили иди пуршукӯҳ, яъне рӯзи қабули яке аз рамзҳои давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.
Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст».
Бояд қайд намуд, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Парчами нави давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар сессия Шурои Олӣ 24-ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст.

Тоҷикӣ

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ