ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳфили илмию адабии «Хирад»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ИЛМИ ИҚТИСОДИ МУОСИР: КОНСЕПСИЯҲО, ВАЗЪИ КУНУНӢ ВА ДУРНАМО

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Пшб, 10/30/2025 - 15:32

Санаи 30-юми октябри соли 2025 дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳфили навбатӣ ба фаъолияти илмии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло бахшида шуд.

ИЗҲОРИ ҲАМДАРДӢ ВА ТАСАЛИЯТ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 10/20/2025 - 08:59

Раёсати Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Мирзоев Фирӯз Кароматуллоевич, мудири анбори шуъбаи хоҷагии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нисбати фавти ПАДАРАШ, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Кароматуллоҳи Мирзо ҳамдардӣ баён намуда, дар ин рӯзҳои вазнин ба аҳли наздикону пайвандон сабри ҷамил хоҳонанд.

Рӯҳи Падар шоду манзили охираташ обод бошад!
 

ФОРУМИ ДУЮМИ КОРШИНОСИИ «ОСИЁИ МАРКАЗӢ - РУСИЯ: РӮЗНОМАИ РУШДИ МУШТАРАК»

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Шнб, 10/11/2025 - 09:24

    Санаи 11-уми октябри соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Форуми дуюми коршиносии «Осиёи Марказӣ - Русия: рӯзномаи рушди муштарак» бо иштироки роҳбарон ва намояндагони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, коршиносону муҳаққиқон, доираҳои дипломатӣ, намояндагони вазорату идораҳо баргузор гардид.

БАРАНДАИ ОЗМУНИ “ТАРАННУМИ ВАТАН”

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Дшб, 10/06/2025 - 11:19

     Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” даври 3 Озмуни ҷумҳуриявии “Тараннуми Ватан” ба анҷом расонид.
      Дар ин Озмун магистранти Иниститути иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҷавони донишманду соҳибхирад Ҷасурбек Султонов иштирок карда, дар ҷамъбастии Озмуни мазкур сазовори мақоми “ҶОИ ИФТИХОРӢ”-ро касб намуд.

Супоридани мукофоти соҳавӣ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Ҷум, 10/03/2025 - 11:46

Санаи 03-юми октябри соли 2025 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ бо иштироки мудирони шуъбаҳо ва ходимони илмӣ ҷаласа баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа барои хизматҳои чандинсола дар соҳаи илм ва маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи ҷавонон ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ сарходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и., дотсент Шарифзода Баҳром Маҳмуд бо мукофоти соҳавии нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ