Чоршанбе, Январ 28, 2026

ТАҚВИЯТИ ФАЪОЛИЯТИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ҶАВОН.

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Чшб, 01/28/2026 - 10:17

Санаи 28.01.2026, соати 11:00 дар толори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади ҷалби ҷавонон ба корҳои илмию таҳқиқотии бунёдӣ, анҷом додани таҳқиқоти арзишманди илмӣ ва бартараф кардани омилҳои хусусияти коррупсионӣ дошта семинари омӯзишии ҷавонон баргузор гардид. 
Чорабинӣ бо ташаббуси Раиси Шурои олимони ҷавони Институт ташкил гардида, дар кори он мудирони шуъбаҳо ва олимону муҳаққиқони соҳа мусоидат намуданд.