Семинари илмӣ-назариявӣ
Санаи 11 сентябри соли 2025 дар толори Шурои олимони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар он ходими илмии шуъбаи тадқиқоти рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда Мадаминов А.А. дар мавзӯи «Механизмҳои баланд бардоштани устувории иқтисодии корхонаҳои соҳаи шири ҶТ» баромад намуд. Маърузачӣ оиди зарурати таҳкими асосҳои молиявӣ-иқтисодӣ, такмили низоми идоракунӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ширӣ дар бозори дохилӣ сухан ронд.