Самараи неки Истиқлолият
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият дар ислоҳоти соҳаҳои гуногун ба дастовардҳои беназир мушарраф гардид, ки соҳаи таҳсилот низ аз ҷумлаи онҳост. Рушди соҳаи таҳсилот омили асосии баланд гардидани сатҳи маърифату маънавиёти мардум ва пешравии ҷомеа мебошад. Ниҳон нест, ки баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ дар Тоҷикистон ҳамаи соҳаҳо, махсусан, соҳаи таҳсилот дучори буҳрони шадид гардид. Аксарияти мактабҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қариб, ки аз фаъолият бозмонда, бештари толибилмон таҳсилро тарк намуданд.