+992 (37) 221-67-50 Асосӣ |
Харитаи сомона |
Тамосҳо |
![]()
Primary tabs
Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ
Санаи 24 апрели соли 2024 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Рушди босуботи идораи молияи давлатӣ дар партави иҷрои ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баргузор гардид, ки дар кори он директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода иштирок ва дар мавзӯи «Маърифати молиявӣ ва нақши он дар идораи молияи давлатӣ» маърӯза намуданд.
Шарҳу тавзеҳи мӯҳтавои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини аҳли кишвар аз 9-уми марти соли 2024 ва эълон шудани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ»
Санаи 24-уми апрели соли 2024 ҷиҳати иҷрои банди 20-и нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми марти соли 2024 оид ба амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханрониашон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9-уми марти соли 2024 ва қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 01-уми апрели соли 2024, №37 дар бораи Нақшаи чорабиниҳои АМИТ бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 вохӯ






Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.









