Сешанбе, Декабр 12, 2023

УФУҚҲОИ НАВ ДАР ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ФОРМАТСИЯИ НАВ

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 12/12/2023 - 15:18

12 декабри соли 2023 дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе вохӯрии директори иҷроияи филиал Ғаниев Р.Ғ. бо директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода ва раиси Ассотсиатсияи миллии менеҷерҳо ва маркетологҳо, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Базаров Ш.Ш. доир гардид. Дар ҷамъбасти мулоқот Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ба шарикии дарозмуддат ва мутақобилан судманд нигаронида шудааст.