Тоҷикона мепӯшем!
Санаи 12-уми майи соли 2023 дар саҳни ҳавлии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори КИИ «Хирадмандон» - и ҲХДТ дар АМИТ ва бахшҳои маҳаллии Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши фарҳангии «Тоҷикона мепӯшем» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур бонувон-ходимони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ низ, иштироки фаъол намуданд.