АФЗАЛИЯТҲОИ РУШД ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ЧОЛИШҲО ВА ДУРНАМО

Ношир: IED.TJ Санаи интишор: Сшб, 02/24/2026 - 11:06

Санаи 24.02.2026 дар толори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷроиши нақшаи чорабиниҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати таъмини дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 баён намуданд, семинари навбатии илмӣ баргузор гардид. 
Чорабинии илмиро муовини директор оид ба корҳои илм ва таълими Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, н.и.и. Ҷалилзода Д.Р. ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки чорабинии имрӯза бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва масъалаҳои мубрами иқтисодӣ арзёбӣ гардид. 
Дар навбати худ, мудири шуъбаи иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, н.и.и., дотсент Муминова Ф.М. дар мавзӯи “Афзалиятҳои рушд дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: чолишҳо ва дурнамо” маърӯзаи худро ироа намуд. Зимни пешниҳоди маъруза таъкид гардид, ки Паём ҳамчун раҳнамо барои дарки афзалиятҳои рушди иқтисодиёт баромад мекунад. Иброз карда шуд, ки маҳз тавассути Паём бартариҳои рушди иқтисодӣ мушаххас гардида, пешбурди сиёсати иқтисодии кишвар дар раванди таҳия ва амалишавии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ нақши калидиро замина гузошт. 
Дар охир, чорабинӣ бо музокироти илмӣ ва баҳсу тавзеҳоти асоснок хотима бахшид. 
 

Меню: