Санаи 30-юми октябри соли 2025 дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳфили навбатӣ ба фаъолияти илмии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло бахшида шуд.
Дар ҷараёни маҳфил иштирокдорон оид ба саҳми арзандаи узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло дар рушди илми иқтисодиёт, таҳқиқоти муҳими ӯ дар самти сиёсати иқтисодӣ, ислоҳоти молиявӣ ва роҳҳои баланд бардоштани рақобатнокии иқтисоди миллӣ андеша баён намуданд.
Ба кори маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшид. Зикр кард, ки маҳфили илмӣ-адабии “Хирад”, ки бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт роҳандозӣ гардидааст, яке аз иқдомҳои муҳим барои муаррифӣ ва қадршиносии хизматҳои олимони кишвар мебошад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки дараҷаи рушди илми муосир дар кишвар ба фаъолияти шахсиятҳои илмпарвар ва олимони соҳибтаҷриба вобастагии ногусастанӣ дорад. Ӯ таъкид намуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамеша ба дастгирӣ ва қадрдонии олимони босалоҳият ва ҳавасмандсозии насли нави муҳаққиқон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.
Таъкид гардид, ки дар шароити мураккаб ва босуръати ҷаҳони муосир, масъалаҳои рушди иқтисодӣ ба яке аз мавзӯъҳои меҳварии тадқиқоти илмӣ табдил ёфтаанд. Имрӯз иқтисод на танҳо соҳаи истеҳсол ва тақсимоти неъматҳои моддӣ аст, балки як низоми мураккаби иҷтимоӣ, сиёсӣ ва зеҳнӣ мебошад, ки бо тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа алоқаманд аст.
Гуфта шуд, ки ҷаҳони имрӯза дар давраи нави инқилоби илмӣ ва технологӣ қарор дорад. Иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, инноватсияҳои молиявӣ ва иқтисоди сабз, ҳамаи ин падидаҳо иқтисоди муосирро дигаргун сохтаанд. Аз ин рӯ, таҳлили консепсияҳои асосӣ, баррасии вазъи кунунӣ ва муайян намудани дурнамои рушди иқтисод барои ҳар як кишвар, бахусус барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти бузурги назариявӣ ва амалӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар солҳои охир бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати давлатӣ ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, татбиқи барномаҳои стратегӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва рақамӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона гардидааст. Дар натиҷа, зина ба зина заминаҳои қавии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба вуҷуд омада истодаанд.
Зикр гардид, ки ин ҳамоиши илмӣ минбари муҳимест, ки барои мубодилаи таҷриба, муаррифии дастовардҳои илмӣ ва таҳкими робитаҳои ҳамкории байни олимони дохиливу хориҷӣ, ки барои рушди илми иқтисод дар Тоҷикистон ва берун аз он аҳамияти бузург дорад, дар фаъолияти пурсамари узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.и., профессор, устоди муҳтарами мо Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло дид.
Дар идомаи маҳфил олимону муҳаққиқони соҳаи иқтисод профессор Шариф Раҳимзода, профессор Сафаров Б.Г, узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Саидмуродзода Л.Ҳ, профессор Мирбобоев Р.М, дотсент Солеҳзода А.А, д.и.и. Бобозода К.О доир ба ҳаёти илмӣ, фаъолияти омӯзгорӣ ва хизматҳои арзандаи профессор Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло дар рушди иқтисодиёти миллӣ ва таҳкими мактаби иқтисодшиносии кишвар андеша баён намуданд. Баромадкунандагон бо таъкид аз он изҳор доштанд, ки таҳқиқоти илмии ӯ дар самти сиёсати иқтисодӣ, идоракунии давлатӣ, рушди бозорҳои молиявӣ ва таҳкими рақобатпазирии иқтисоди миллӣ дастовардҳои назарраси илмиро фароҳам овардааст.
Ҳамзамон қайд шуд, ки профессор Саидмуродзода дар тӯли солҳои зиёд ҳамчун муҳаққиқ, устод ва роҳбар ба тарбияи насли нави олимон ва иқтисодшиносони ҷавон саҳми босазо гузошта, бо ҷаҳонбинии васеъ ва маданияти баланди илмии худ мактаби хоси илмиро ташаккул додааст. Иштирокчиён таъкид карданд, ки идомаи пажӯҳишҳои илмӣ, нашри асарҳои илмӣ ва густариши ҳамкориҳои таҳқиқотии ӯ метавонанд ба таҳкими амнияти иқтисодии кишвар, боло бурдани сатҳи таҳлилҳои иқтисодӣ ва рушди фанҳои иқтисодӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ мусоидат намоянд.
+992 (37) 221-67-50 Главная |
Карта сайта |
Контакты |
![]()










Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.







