Истиқлолият неъмати бебаҳост

Автор: IED.TJ Дата публикации: четверг, 4 Сентябрь, 2025 - 11:55

         Истиқлолият беҳтарин неъмати ҳар як давлату миллат буда, омили асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба ҳисоб меравад.
        Тоҷикистони азиз  дар  давоми 34 соли Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти дурандешу  тавоно тавонист мақоми шоистаеро дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд. 
       Бо ифтихормандӣ қайд менамоем, ки имрӯз аз баракати  истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон кулли мардуми сайёра мешиносанд.
       Дастовардҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз хеле зиёд буда,  тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар пеш рафта истодааст. 
     Дар тули ин 34-сол Ҷумҳурии Точикистони ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст ва сол то сол  пояҳои Истиқлолияти давлатии мо қавитар мегарданд.
           Истиқлолият барои рушди иқтисодиёти ватанӣ имконияти хеле хубро    фароҳам овард. Бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо технологияҳои навин, ва сохтани  роҳҳои оҳану автомобилгард ва бунёди неругоҳҳои барқӣ, ки ин  қадамҳои хеле бузург мебошад.
          Дар даврони истиқлолият Тоҷикистон аъзои чандин созмонҳои байналмилалӣ гардид. Равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаро қариб бо тамоми кишварҳои дунё ба роҳ монда, баҳри боз ҳам рушд намудани сиёсати хориҷӣ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва дигар соҳаҳои мухталифи кишвар корҳои арзандае ба сомон расонида шуд.
              Соҳибистиқлолӣ роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишварро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд. Истиқлолият ба ҷавонону наврасони мо имконият фароҳам овард,  ки қобилият ва маҳорати хешро дар ҳамаи самтҳо инкишоф диҳанд, ватани худро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намоянд, пешсаф бошанд ва қадамҳои неку устуворона гузоранд.
            Истиқлолият воситаи асосии рушди ҳар як  давлату миллат ба ҳисоб меравад. 
       Соҳибистиқлолӣ  номус, ҳувият, рамзи саодат ва ифтихори миллат мебошад. 
         Дар баробари ин, соҳибистиқлолӣ дар назди миллати тоҷик рисолати бузургеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум мебошад.
          Истиқлолияти давлатӣ  барои мо имконияте фароҳам овард, ки роҳ  ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб кунем. Истиқлолият барои мо Ватану ватандорӣ  ва бузуртарин  неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
        Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолат, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. 
        Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 34 – сол қабл аз ин нахустин хиштҳои девори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати  мустақилият  соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.
        Таҷрибаи сулҳу давлатдории мо  манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори мо тоҷикон мебошад.
            Мо бояд ҳар як фарди тоҷик аз ин миллат ифтихор кунему барои боз ҳам рушд ёфтану  машҳуртар гардидани он кушишу ғайрати зиёд  намоем. 


Ходими пешбари илмии 
шуъбаи таҳқиқоти институтсионалии
Институти иқтисодиёт ва демографияи
АМИТ, н.и.и. Сафаров  А.М

 

Меню: