Санаи 2 сентябри соли 2025 дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ бахшида ба 34-умин солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти унвони «Пешбурди ислоҳотҳои иқтисодӣ ва тағйиротҳои сохторӣ дар солҳои истиқлолият» семинари илмию методӣ баргузор гардид.
Дар семинари мазкур таваҷҷуҳи ходимони илмии шуъбаи таҳқиқоти рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда ва шуъбаи моделсозӣ ва дурнамогирии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба гузориши хусусиятҳои марҳилаҳои рушди иҷтимоӣ – иқтисодии кишвар мебошад. Дар ин раванд таҳлили мушаххаси сабақхои андухтшуда дар барномарезии рушд, мониторингу арзёбии натиҷаҳо таъмин гардид.
Мубодилаи афкор (бо такя ба натиҷаҳои таҳқиқот) дар атрофи баромаду суханрониҳои мудири шуъбаи моделсозӣ ва дурнамогирии равандҳои иҷтимоӣ -иқтисодӣ, н.и.и. Муминова Ф.М. ва ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқикоти рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда, н.и.и. Раҷабов Қ.Р. ташкил гардид, ки бо баррасии масъалаҳои васеи нақши барномаҳои давлатии рушд дар ҳалли масъалаҳои коҳиши камбизоатӣ ва тавсеаи синфи миёна, ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегии кишвар, саноатикунии босуръат ва рушди иҷтимоию иқтисоди минтақаҳо пайваст аст. Дар рафти семинар ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш дода шуд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни чорабинии мазкур иштирокчиён ба музокира баромада, доир ба масъалаҳои матраҳгардида фикру андеша, аз он ҷумла вобаста ба рушди бозори молиявӣ, ҷалби сармояи хусусӣ ва рушди саноати металлургия баён намуданд.
+992 (37) 221-67-50 Главная |
Карта сайта |
Контакты |
![]()








Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.







